Боздошти се гурӯҳи паҳнкунандагони маводи нашъаовари синтетикӣ дар Душанбе

Аз ҷониби кормандони Раёсати умури дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар мавриди ошкор ва боздошти нашъаҷаллобон дар қаламрави пойтахт як қатор амалиёи муваффақона гузаронида шуд. “Дар ҷараёни амалиёт ду сокини Душанбе – Абдулло Сафарови 26-сола ва Абӯбакри Абдулмумини 29-сола боздошт шуданд, ки тариқи ҳавопаймо аз хориҷа 760 дона ҳаби экстази овардаанд. Ҳабҳои нашъаовар дар дохили […]

Asia-Plus

Аз ҷониби кормандони Раёсати умури дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар мавриди ошкор ва боздошти нашъаҷаллобон дар қаламрави пойтахт як қатор амалиёи муваффақона гузаронида шуд.

“Дар ҷараёни амалиёт ду сокини Душанбе – Абдулло Сафарови 26-сола ва Абӯбакри Абдулмумини 29-сола боздошт шуданд, ки тариқи ҳавопаймо аз хориҷа 760 дона ҳаби экстази овардаанд. Ҳабҳои нашъаовар дар дохили ҳавосардкунак (кондитсионер)-и автомашина пинҳон шуда буданд”, – хабар медиҳад маркази матбуоти Раёсат.

Гуфта мешавад, маводи нашъаоварро онҳо аз шаҳрванди Тоҷикистон Муҳаммад Шамсов гирифтаанд, ки дар хориҷа қарор дошта, ВКД Тоҷикистон тариқи Интерпол ӯро мавриди пайгарди байнулмилалӣ эълон кардааст.

Кормандони милитсия инчунин аз рӯйи далели фурӯши маводи нашъавори синтетикӣ сокини Душанбе Фаррух Ҷалоловро дастгир кардаанд, ки аз ӯ 123 дона ҳаби экстази дарёфт шудааст. Зимни кофтукови хонаи Ҷалолов 345 грамм метамфетамин низ ошкор шудааст.

“Маводи нашъаоварро ба ӯ аз хориҷи кишвар шаҳрванди Тоҷикистон Вайсиддин Ғуломов интиқол медодааст, ки ӯ ҳам таҳти ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор дорад.

Ҳамчунин кормандони милитсияи пойтахт ба гумони нигаҳдорӣ ва паҳнкунии маводи мухаддир сокини ноҳияи Восеъ Баҳодурхон Сафаров ва ҳаммаслакони ӯ – аъзои як оила Нахтулло ва Алихон Шариповҳо ва Фирӯз Наимовро боздошт намуда, аз онҳо 182 грамм метамфетамин мусодира шудааст.

Маблағи умумии маводи нашъаовари мусодирашуда ҳудуди 1 млн сомониро ташкил медиҳад.

Ғайр аз ин, дар қаламрави маҳаллаи Гипрозем барои истеъмоли маводи нашъаовар 20 нафар ҷавонони сокини пойтахт боздошт шудаанд. Ҳар кадоме аз онҳо барои риоя накардани тартиботи ҷамъиятӣ ба муҳлати 19 рӯзи ҳабси маъмурӣ ҷазо гирифтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.