Дар фурудгоҳи Душанбе таъмир сар шуд. Ҳавопаймоҳо танҳо шабона парвоз мекунанд

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” иттилоъ медиҳад, ки бинобар иҷрои корҳои таъмирӣ дар хати парвозии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе  ва дар пайи ин баста шудани фурудгоҳ ба ҳангоми корҳои таъмирӣ (аз соати 8:00 то 19:00), ҳамаи парвозҳои ширкат шабона ва субҳгоҳӣ анҷом дода мешаванд.

Дар саҳифаи ширкати ҳавопаймоӣ дар Facebook дар ин робита гуфта мешавад, мусофирони хатсайрҳое, ки вақти парвозашон тағйир пазируфтаанд, пешакӣ огоҳонида мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки барои гирифтани маълумоти зарурӣ бо маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоӣ бо рақамҳои зерин тамос гирифтан имкон дорад: +992 (93) 777 74 59; +992 (44) 640 40 49 ва +992 (44) 640 40 50; [email protected].

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Ҷамила Ҳусейнова хабар дод, корҳои таъмир дар фурудгоҳ аз 1 август то 1 сентябри соли равон идома меёбанд.

Қобили зикр аст, ки пеш аз оғози корҳои таъмир аз Душанбе дар як шабонарӯз беш аз 15-16 ва баъзан зиёда аз 21 парвоз анҷом дода мешуд.

Ёдовар мешавем, ки дар робита ба сар задани мавҷи дуввуми коронавирус дар кишвар, аз 2 июл вуруд ба бинои Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои пешвозгирандагону гуселкунандагон муваққатан маҳдуд карда шуд. Ин тадбирҳо бо мақсади пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус дар байни аҳолӣ андешида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...