“Азия-Плюс” лоиҳаи нави «Pro Business» роҳандозӣ мекунад

Asia-Plus

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" лоиҳаи нави "Pro Business"-ро оғоз мекунад. Ҳар ҳафта коршиносони меҳмон: роҳбарони тиҷорати бузургу миёна, стартаперҳо (соҳибкорони навкор), ҳуқуқшиносон ва менторҳо (омӯзгорон)-и ботаҷриба дар соҳаи соҳибкорӣ аз таҷриба ва сирри ба даст овардани муваффақиятро табодули афкор намуда, хатогиҳои худро таҳлил мекунанд, дар бораи комёбиҳову шикаст дар кор, хавфҳо ва чӣ гуна ба онҳо муносибат кардан изҳори назар мекунанд.

Ҳангоми ворид шудан ба бозори меҳнат аксар вақт на танҳо ҷавонон малака ва дониши зарурии бозори муосирро доранд. Соҳибони тиҷорати амалдошта ва кормандони одӣ низ бо сабаби надоштани ҳидоятгар ва таҷрибаи кофӣ барои рафъи мушкилоти нав,  баъзан дар кори худ ба хатогиҳои одӣ роҳ медиҳанд.

Лоиҳаи нави “Азия-Плюс” барои бартараф намудани камбудиҳо дар донишҳои ин самт кумак хоҳад кард.

Дар доираи лоиҳа ҳар рӯзи сешанбе соати 10:00 дар радиои "Азия-Плюс" шумо метавонед барномаи "Pro Business"-ро гӯш кунед ё ҳар рӯзи чоршанбе соати 10:00 шакли пурраи гузориши видеоиро дар шабакаи YouTube-и "Азия-Плюс" низ тамошо кунед.

Чӣ гуна бояд бо ҳадди ақали сармояи ибтидоӣ тиҷоратро оғоз кард ва чӣ гуна бояд ваколатҳои роҳбариро омӯхт? Чӣ тавр метавон дар бӯҳрони эҷодӣ илҳом гирифт ва чӣ гуна дилмондагиву афсурдагии эҳсосиро бартараф кардан мумкин аст? Аз куҷо метавон сармояи зарурӣ дарёфт, чӣ тавр технологияҳои муосирро дар рушди тиҷорати худ самаранок истифода бурдан ва молу хизматрасониҳои худро дар Интернет муваффақона муаррифӣ кардан имкон дорад?

Самаранокии шахсӣ чист ва оё робита доштан бо франшиза (имтиёз)-ҳо бамаврид аст? Ҷавобҳо ба ин ва дигар суолҳо – дар лоиҳаи нави "Pro Business" дар "Азия -Плюс".

Соҳибкорони умедбахш, намояндагони тиҷорат, кормандони оддии ширкатҳо ва ҳатто донишҷӯён ин ҷо барои худ бисёр маълумоти муфид пайдо мекунанд ва метавонанд ҳавасмандии иловагиро барои расидан ба ҳадафи худ ба даст оранд.

Дар доираи лоиҳаи БРСММ «Ҷавонон барои тиҷорат ва инноватсия», ки аз ҷониби ҳукумати Федератсияи Русия маблағгузорӣ мешавад, як силсила барномаҳо ва подкастҳо омода карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...