Дар Русия қотилони ду шаҳрванди Тоҷикистон маҳкум шуданд

Бо дархостҳои Прокуратураи генералии Тоҷикистон ду далели куштори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ифшо шуд. Аз ҷумла, куштори як сокини 56-солаи шаҳри Норак ва як сокини 50-солаи вилояти Суғд ошкор шуд. Ҷасади онҳо бо аломатҳои марги маҷбурӣ мутаносибан дар моҳҳои сентябр ва декабри соли 2019 ба Душанбе оварда шуда, Додситонии кулли Тоҷикистон доир ба таҳқиқоти онҳо дархостҳои […]

Бо дархостҳои Прокуратураи генералии Тоҷикистон ду далели куштори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ифшо шуд.

Аз ҷумла, куштори як сокини 56-солаи шаҳри Норак ва як сокини 50-солаи вилояти Суғд ошкор шуд. Ҷасади онҳо бо аломатҳои марги маҷбурӣ мутаносибан дар моҳҳои сентябр ва декабри соли 2019 ба Душанбе оварда шуда, Додситонии кулли Тоҷикистон доир ба таҳқиқоти онҳо дархостҳои дахлдор фиристод.

"Дар ҷараёни амалҳои муштараки хадамоти дахлдори Тоҷикистону Русия ба гумони даст доштан дар қатли сокини 56-солаи шаҳри Норак Гулаҳмад Довудов шаҳрванди Русия Л.Брежнева боздошт шуд", – хабар медиҳад маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ.

Гуфта мешавад, тафтишот муайян кардааст, ки Л.Брежнева зимни муноқиша дидаю дониста бо корд ба шиками Довудов чор зарба задааст, ки дар натиҷа ӯ захми ҷиддӣ гирифта, дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст.

“Суди шаҳри Звенигороди вилояти Маскав Л.Брежневаро ба 8,5 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард”, – омадааст дар хабар.

Дар ҳолати дигар бо қарори суди ноҳияи Симоновскийи шаҳри Маскав шаҳрванди Русия Ш.Канназаров барои қатли шаҳрванди Тоҷикистон – сокини 50-солаи вилояти Суғд Эркин Каримов ба 8 соли зиндони низомаш шадид маҳкум карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.