Милитсияи Душанбе дар 3 соати амалиёти “Тартиботи шабона” 76 қонуншиканиро ошкор кард

Раёсати ВКД Тоҷикистон аз соати 20 то 23:00 дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе амалиёти “Тартиботи шабона”-ро баргузор намуд. Тавре дафтари матбуоти Раёсат хабар медиҳад, дар ин муддати кӯтоҳ маҷмӯан 76 адад қоидавайронкуниҳои дағали роҳ ошкор шудааст. Аз рӯйи натиҷаҳои амалиёт бо сабаби ғайриқонунӣ сиёҳ кардани шишаҳои автомашина 19 адад автомашинаи тамғаи гаронбаҳои хориҷӣ ба майдони ҷаримагоҳ […]

Asia-Plus

Раёсати ВКД Тоҷикистон аз соати 20 то 23:00 дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе амалиёти “Тартиботи шабона”-ро баргузор намуд.

Тавре дафтари матбуоти Раёсат хабар медиҳад, дар ин муддати кӯтоҳ маҷмӯан 76 адад қоидавайронкуниҳои дағали роҳ ошкор шудааст.

Аз рӯйи натиҷаҳои амалиёт бо сабаби ғайриқонунӣ сиёҳ кардани шишаҳои автомашина 19 адад автомашинаи тамғаи гаронбаҳои хориҷӣ ба майдони ҷаримагоҳ равона шудааст.

“Нисбати 7 ронанда бо далели бо рақамҳои қайди давлатии бегона идора намудан, 3 ронанда – насби таҷҳизоти садодиҳанда бо садои гӯшхарош, 1 ронанда – дар ҳолати мастӣ идора намудани автомашина, 3 ронанда – бе рақами давлатӣ гаштугузор намудан, инчунин 43 нафар – қоидавайронкуниҳои ба таваққуфгоҳ гузоштани воситаи анқлиёт чораҳои қонунӣ андешида хоҳанд шуд”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти Раёсат.

Дар маълумоти Раёсат таъкид мешавад, ки аксарияти қонуншиканиҳо аз ҷониби ронандагони ҷавон барои “худнамоишдиҳӣ” содир шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.