Сухангӯйи президент: Эмомалӣ Раҳмон воксин задааст

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ аз бемории коронавирус воксин задааст. Дар ин бора сухангӯи президент Абдуфаттоҳ Шарифзода ба “Азия плюс” хабар дод. Аммо Шарифзода нагуфт, ки расиҷумҳур кадом навъи воксин задаанд. Ӯ гуфт, ки дар ин бора иттилоъ надорад. Бино ба иттилои расмии Вазорати тандурустӣ, то ба ҳол ба кишвар се намуди воксин: “Астразенека”-и […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ аз бемории коронавирус воксин задааст. Дар ин бора сухангӯи президент Абдуфаттоҳ Шарифзода ба “Азия плюс” хабар дод.

Аммо Шарифзода нагуфт, ки расиҷумҳур кадом навъи воксин задаанд. Ӯ гуфт, ки дар ин бора иттилоъ надорад.

Бино ба иттилои расмии Вазорати тандурустӣ, то ба ҳол ба кишвар се намуди воксин: “Астразенека”-и аврупоӣ, “Коронавак”-и чинӣ ва “Модерна”-амрикоӣ ворид шудааст. 

Ҳамчунинм мувофиқи баъзе маълумоти ғайрирасмӣ, ба беморхонаи ҳукуматии кишвар 3 ҳазор воя воксинаи «Спутник V» оварда шудааст, ки аъзои ҳукумати кишварро аз ин воксин задаанд.

Аммо ҳоло маълум нест, ки президенти Тоҷикистон яке аз ин воксинҳо задаанд ё воксини вижаи дигаре.

– Ҳангоми сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд, рӯзҳои 28-30 июли соли 2021, дар яке аз баромадҳояшон бо роҳбарият ва фаъолони ноҳияи Айнии вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон аз мардум даъват намуданд, ки барои пешгирӣ аз бемории СOVID-19 ва нигоҳдории саломатӣ аз сирояти навъ (штам)-ҳои нави он ҳатман ваксина гиранд… Ва илова намуданд: Ман шахсан ваксина гирифтам. Ба Шумо низ маслиҳат медиҳам, ки ваксина гиред,-гуфт Шарифзода аз бо нақли қавл аз Раҳмон.

Манбаъ, ҳамчунин дар бораи кай ва чанд воя воксин гирифтани Эмомалӣ Раҳмон чизе нагуфт.

Ӯ аз қавли президент гуфт, ки дар мулоқоти мазкур раисиҷумҳур таъкид кард, ки “ҳатман эмгузаронӣ кунед ва шухӣ нафаҳмед”. Чунки кадом давлатҳое ки оммавӣ эмгузаронӣ карданд, дар онҳо сатҳи муриш кам аст. Одаме, ки эм гузаронад касал шавад ҳам бемориро сабук мегузаронад. Фикри худатону фарзандону миллати тоҷикро кунед”.

Дар моҳи июл дар расонаҳо хабари ба вируси куруно мубтало шудани чанде аз наздикону аъзои хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон ҳам расонаӣ шуда буд.

Аз ҷумла, ба гуфти манбаъҳои гуногун хушдомани 88-солаи Эмомалӣ Раҳмон Ӯзбакбӣ Асадуллоева ва хоҳари 64-солааш Қурбонбӣ Раҳмонова аз ин беморӣ вафот карданд.

Ҳамчунин хабарҳо дар мавриди гирифтор шудани аъзои дигари хонаводаи раисҷумҳур низ расонаӣ шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.