Парвандаи ҷиноӣ алайҳи раиси дастгоҳи ҳукумати Деваштич. Раиси ноҳия ҳам бозпурсӣ шудааст

Оҷонсии зидди фасод дар вилояти Суғд алайҳи роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Деваштич, Суҳбатулло Сунатуллозода бо ҷурми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин мансабдори давлатӣ ба он айбдор мешавад, ки барои ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони як майдончаи варзишӣ аз як шаҳрванд 100 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст. Шараф Аваззода, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии […]

Оҷонсии зидди фасод дар вилояти Суғд алайҳи роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Деваштич, Суҳбатулло Сунатуллозода бо ҷурми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин мансабдори давлатӣ ба он айбдор мешавад, ки барои ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони як майдончаи варзишӣ аз як шаҳрванд 100 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст.

Шараф Аваззода, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки  Сунатуллозода барои ҷудо намудани 2627 метри мураббаъ қитъаи замин барои сохтани як майдончаи варзишӣ аз ҳисоби заминҳои ҷамоати деҳоти Яхтан аз “А” ном шаҳрванд 100 000 сомонӣ пора талаб кардааст.

Ин мансабдори баландпояи давлатӣ оғози моҳи апрели имсол аз шаҳрванд 28700 сомонӣ гирифта, вале зимни талаби маблағи боқимонда 4700 доллари амрикоӣ ва 23000 сомонии боқимонда дар ҷойи ҳодиса аз суйи кормандони Оҷонсии зидифасод боздошт шудааст.

“Раиси дастгоҳи МИҲД ноҳияи Деваштич ҳуқуқи замин додан надошт. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Сунатуллозода бо моддаи 247 қисми 4 банди “б”-и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ) парванда боз шуда,  ба суд ирсол карда шудааст”,-Аваззода.

Абубакр Хайруллозода, як масъули шуъбаи тафтишотии Оҷонсии зидифасод дар мавриди  парвандаи ҷиноятии ин мансабдори давлатӣ гуфт, ба хотири дақиқ кардани ҳолати кор, ғайр аз Суҳбатулло Сунатуллозода, ҳамчунин раиси ноҳияи Деваштич Ашӯралӣ Ҷалилзодаро низ ба бозпурсӣ даъват карданд.

Вай афзуд, ки раиси ноҳияро ба он хотир ба бозпурсӣ даъват карданд, ки мушаххаскунанд, ки дар ҳамин давра шахси айбдоршаванда ҳуқуқи ҷудо кардани қитъаи заминро дошт ё надошт.

“Бо мақсади ҳамин ҳолатҳоро аниқ кардан ва баҳои ҳуқуқӣ додан ба кирдорҳои айбдоршаванда, раиси ноҳия даъват шуда, мавриди пурсиш қарор дода шуд”-гуфт ин масъули тафтишотӣ.

Боздошти ин мансабдор дар ҳолест, ки дар вилояти Суғд шикоятҳо аз ҷинояткории масъулони бхши кумитаҳои замин зиёд шудааст.

Кумитаи идораи замини вилояти Суғд  дар пайи афзудани шикоятҳо нисбат ба амалкарди масъулини ин ниҳод ва ошкор шудани қонунвайронкуниҳои замин чанд раису муовинони кумита дар шаҳру ноҳияҳоро аз мақом барканор кардааст.

Ҷамшед Умарзода, муовини аввали раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд дар нишасти хабарӣ гуфт, ки шикоятҳо нисбат ба масъулини зери раҳбарияшон кам нест.

Ӯ гуфт дар пайи шикояти аҳолӣ ва ошкор шудани қонунвайронкуниҳо дар мавриди ҷудо намудани замин раиси Кумитаи идораи замин дар шаҳри Панҷакентро аз мақом барканор карданд. Ду муовини раисони кумита дар ноҳияҳои Ашту Зафаробод ҳам бо чунин ҷурм аз вазифа сабукдӯш шудаанд.

Умарзода гуфт, дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Кӯҳистони Мастчоҳ шикоятҳо нисбати масъулин зиёд шудааст.

Ҷиноятҳои дар тақсиму ҷудо кардани қитъаҳои замин, яке аз мушкилоти доғи солҳои ахир дар Тоҷикистон аст, ки сол то сол зиёд мешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.