Ярмаркаҳои либоси мактабӣ дар Душанбе. То 31-уми август давом мекунанд

Имрӯз, 3 август дар ҳудуди боғи "Куруши Кабир" ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ оғоз гардид. Он аз 1 то 31 августи соли равон, ҳамарӯза аз соати 9:00 то 19:00 амал мекунад. Дар ин бора торнамои расмии шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки дар ярмарка беш аз 20 корхонаву тавлидгоҳҳои истеҳсолии пойтахт ва соҳибкорони ватанӣ иштирок […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Имрӯз, 3 август дар ҳудуди боғи "Куруши Кабир" ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ оғоз гардид. Он аз 1 то 31 августи соли равон, ҳамарӯза аз соати 9:00 то 19:00 амал мекунад. Дар ин бора торнамои расмии шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар ярмарка беш аз 20 корхонаву тавлидгоҳҳои истеҳсолии пойтахт ва соҳибкорони ватанӣ иштирок менамоянд.

Қарори ташкили ярмаркаро 28 июли соли 2021 раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расонида буд.

Манбаъ, менависад, ки он бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба либос ва лавозимоти мактабӣ амалӣ гардида, дар ҷойҳои муайяншуда бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба роҳ монда мешавад.

Гуфта мешавад, ки ярмарка дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе низ гузаронида мешавад.

Ярмаркаҳо дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ярмарка дар ҳудуди бозори “Меҳргон”, дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳудуди бозори “Ховарон”, дар ноҳияи Сино дар назди маркази савдои “Сафо” ташкил карда мешаванд.

Дар ноҳияи Фирдавсӣ ярмаркаҳо дар бозорҳои “Корвон”, “Ганҷина” ва “Панҷшер” баргузор мегардад.

Дар ҷараёни кори ярмаркаи имрӯза бо дастгирии шаҳрдории Душанбе ба зиёда аз 150 нафар ятимони кулл – таълимгирандагони муассисаҳои таълимии пойтахт сару либос ва лавозимоти мактабӣ тақдим гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.