Русия ба Тоҷикистон чархболҳои ҳамлу нақли ҷангӣ фиристод

Ба машқҳои воҳидҳои низомии Тоҷикистону Русия ва Ӯзбекистон 25 чархбол ва ҳавопаймои ҷангӣ сафарбар мешаванд. Чархболҳои нақлиётӣ ва ҷангии Ми-8 ва зарбазани Ми-24-и мансуб ба Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия аз вилояти Новосибирск ва фурудгоҳи Ҳисори Тоҷикистон интиқол дода шуданд. Онҳо ба тамрини сеҷониба, ки аз 1 то 10 август дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон”-и вилояти Хатлон доир […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ба машқҳои воҳидҳои низомии Тоҷикистону Русия ва Ӯзбекистон 25 чархбол ва ҳавопаймои ҷангӣ сафарбар мешаванд.

Чархболҳои нақлиётӣ ва ҷангии Ми-8 ва зарбазани Ми-24-и мансуб ба Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия аз вилояти Новосибирск ва фурудгоҳи Ҳисори Тоҷикистон интиқол дода шуданд. Онҳо ба тамрини сеҷониба, ки аз 1 то 10 август дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон”-и вилояти Хатлон доир мегардад, сафарбар карда мешаванд.

Чор чархболи ҷангӣ аз Русия тариқи ҳавопаймои боркаши нақлиётии бузургҳаҷми Ан-124-100 “Руслан” оварда шуд. Пеш аз интиқол баъзе сохтори чархболҳо қисман гирифта шуда, бо расидан ба фурудгоҳи таъинот кормандони ҳайати муҳандисӣ ва техникӣ онҳоро васлу насб карданд ва сарнишинони ҳавопаймо парвози техникаро санҷиданд. Дар ин бора Департаменти иттилоот ва коммуникатсияи оммавии Вазорати мудофиаи Русия хабар медиҳад.

Дар марҳилаи асосии машқҳои муштарак ҳайати сарнишинони авиатсияи ҷангӣ фуруд овардани қувваҳои ҳуҷуми тактикӣ ва дастгирии ҳавоиро ба нирӯҳои ҳамлагар дар ҷараёни нобудсозии гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ таъмин хоҳанд кард.

Дар машқҳои воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Русия ва Ӯзбекистон, ки 1 август дар ҷануби Тоҷикистон оғоз шуд, 25 чархболу ҳавопаймои нақлиётию ҷангӣ, тақрибан 300 танк, мошинҳои зиреҳпӯш, дастгоҳҳои артиллерӣ сафарбар мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, полковник Фаридун Маҳмадализода.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар ин машқҳо, ки дар наздикии сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ҷараён мегиранд, зиёда аз 2 ҳазор нафар сарбозону афсарони се кишвар ширкат хоҳанд варзид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.