Маршал Дӯстум пас аз табобат ба Афғонистон баргашт

Пешвои ҷамъияти ӯзбекони Афғонистон маршал Абдулрашид Дӯстум пас аз муолиҷаи тӯлонӣ дар Туркия ба ватан баргашт, иттилоъ медиҳад хабаргузории “Фергана” бо истинод ба TOLOnews. Дӯстум нимаи дуюми моҳи июн Афғонистонро тарк карда буд. Баъзе расонаҳо рафтани ӯро ба оғози ҳамлаи густурдаи ҳаракати тундгарои Толибон (манъшуда дар Русия ва бисёр кишварҳои дигар) дар вилоятҳои мухталиф, аз […]

Asia-Plus

Пешвои ҷамъияти ӯзбекони Афғонистон маршал Абдулрашид Дӯстум пас аз муолиҷаи тӯлонӣ дар Туркия ба ватан баргашт, иттилоъ медиҳад хабаргузории “Фергана” бо истинод ба TOLOnews.

Дӯстум нимаи дуюми моҳи июн Афғонистонро тарк карда буд. Баъзе расонаҳо рафтани ӯро ба оғози ҳамлаи густурдаи ҳаракати тундгарои Толибон (манъшуда дар Русия ва бисёр кишварҳои дигар) дар вилоятҳои мухталиф, аз ҷумла дар шимол, ки он ҷо шумори зиёди ҷомеаи ӯзбекҳо дастаҷамъона иқомат доранд, нисбат доданд.

Ҳамзамон бо истинод ба намояндагони расмии маршал хабар дода шуд, ки Дӯстум бо як сафари расмӣ ба Туркия рафта, тибқи нақша муолиҷа мегирад, зеро аз бемории диабети қанд зиёд азият мекашад.

Дар солҳои 90-уми қарни гузашта Дӯстум артиши худро раҳбарӣ мекард, ки дар амалиёти ҷангӣ зидди Толибон нисбатан муваффақ буд. Замони ҳамлаи ба Афғонистон артиши ИМА маҳз ӯро дастгирӣ мекард.

Моҳи сентябри соли гузашта пас аз суханронии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Маҷмаи Умумии Ассамблеяи генералии СММ  Дӯстум таҳти унвони "Забони ӯзбекии ман, миллатам, ифтихори ман" мақолае нашр кард.

Маршал суханронии президенти Ӯзбекистонро "як рӯйдоди таърихӣ" номида, изҳори итминон кард, ки иштироки Ӯзбекистон дар ҳалли низои Афғонистон "натиҷаҳои мусбат хоҳад дод".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.