Президенти нави Эрон раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти тозаинтихоби Эрон Саид Иброҳим Раисӣ, ки маросими савгандёдкуниаш нимаи дуюми имрӯз дар Теҳрон доир мегардад, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзодаро ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов аз шаҳри Теҳрон Маҳмадтоир Зокирзода қабл аз оғози сӯҳбат салому эҳтиромот ва орзуҳои неки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Сайид Иброҳим Раисӣ расонидааст.

“Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон изҳори итминон кард, ки ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо рушд ёфта, инчунин таъкид намуд, ки  густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Эрон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад”, – хабар дод котиби матбуотӣ.

Ба гуфтаи ӯ, Зкирзода зикр кардааст, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои пурмаҳсулу судманд бо кишвари бародари Эрон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои барои халқу кишварамон муҳимро мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳад.

Зикр шудааст, ки то ба имрӯз байни кишварҳо беш аз 160 санади ҳамкории дуҷониба, ки соҳаҳои гуногунро фаро мегиранд, ба имзо расидааст. 

“Албатта, умед дорем, ки ташрифи мазкур ба Ҷумҳурии  Исломии Эрон барои боз ҳам таҳким бахшидани раванди ҳамкориҳои дуҷониба заминаи мусоид фароҳам биоварад”, – иброз доштааст Зокирзода.

Дар доираи сафар ба Эрон Маҳмадтоир Зокирзода имрӯз ҳамчунин бо раиси парлумони ин кишвар Муҳаммад Боқир Қолибоф дидору гуфтушунид анҷом дода, зимни мулоқот масоили таҳкими робитаҳои байнипарлумонии кишварҳо баррасӣ шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...