Шикасти Ҷаҳонгир Маҷидов дар финали Orenburg Senior European Cup 2021 аз ҳамватани худ

Asia-Plus

Ҷаҳонгир Маҷидов, ҷудокори варзидаи тоҷик дар дар даври ниҳоии мусобиқаи Ҷоми ҷудои Аврупо (Orenburg Senior European Cup 2021), ки дар вазни -90 кг ҳунарнамоӣ мекард, аз ҳамватани муқими Русияи худ, Мирзо Шукориев шикаст хӯрд ва ҳамин тариқ соҳиби медали нуқраи ин мусобиқот шуд.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар даври аввал  ин мусобиқот ҷудокори маъруфи дигари ҳамтабори худ  – Ёқубҷон Назировро, ки аз Русия намояндагӣ мекунад, шикаст дод.  

Дар чорякниҳоӣ, Эмил Курбанови рус дар ниманиҳоӣ низ варзишгари дигари мизбон Адам Утсиевро мағлуб кард. 
 

Ҳақназар Назаров (-81кг), ҷудокори дигари тоҷик дар даври аввал аз Томас Снайдерси нидерландӣ бо шикаст хӯрд. Хушвақт Идиев (-81кг) намояндаи дигари Тоҷикистон ҳам дар даври аввал баъди рақобати шадид бо варзишгари Қазоқистон – Ерахан Нуридин «голден скор» ба бохт мувоҷеҳ шуд. 

Амирҷони Насимҷон ҷудокори дигари тоҷик дар вазни  -90кг дар даври аввал Турпал Сатаеви Русияро шикаст дод. Ин паҳлавони тоҷик ҳам аз ҳамтабори русиягии худ  – Мирзо Шукориев дар даври баъдӣ, дар камтар аз 30 сония шикаст хӯрд.

Паҳлавони дигари тоҷик дар вазни -100 кг Абубакри Акобир ҳам дар нахустин рақобаташ аз ҷудокори кишвари мизбон Саид ГАДЖИЕВ шикаст хӯрду аз идомаи сабқатҳо бенасиб шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...