Тулуънюс: Тоҷикистон судури визаро дар Кобул қатъ кард. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон: қатъ накардаем

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабари нашркардаи расонаҳои Афғонистон дар мавриди қатъи судури раводидро бепоя хонд. Шабакаи телевизионии Tolonews дар телеграмканали худ, дар як хабари кӯтоҳ навишт, ки "раванди судури визои Тоҷикистон ба шаҳрвандони Афғонистон мутаваққиф шуд". 

Дар раёсати  иттилоот ва матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки ин хабар бепоя аст ва бахши консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Кобул чун пештара кор мекунад ва ҳеч тасмиме барои қатъи судури раводид барои шаҳрвандони Афғонистон, гирифта нашудааст.

Аммо Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, ки ба далоили амниятӣ ва ҳаводиси ахире, ки дар Афғонистон ҷараён дорад, Тоҷикистон консулгариҳояш дар шаҳри Мазори Шарифи вилояти Балх ва Файзободи вилояти Бадахшони Афғонистонро муваққататн бастааст.

Расонаҳои Афғонистон менависанд, ки бар пайи суқути пай дар пайи вилоятҳои Афғонистон ба дасти "Толибон" теъдоди шаҳрвандоне, ки мехоҳанд визаи Тоҷикистонро ба даст биоранд, зиёд шудааст.

Аммо Tolonews ба манбаъи хабараш дар мавриди қатъи судури раводиди Тоҷикистон дар Кобул ишора накардааст ва танҳо аз қатъи он хабар додаасту халос.

Толибон се рӯз пеш, шаҳри Файзободро тасарруф карданд ва акнун тамоми ин вилоят таҳти тасарруфи ин гуруҳ қарор дорад. Аз вилоятҳои шимолии Афғонистон танҳо вилояти Балх ва қисме аз вилояти Форёб дар ихтиёри давлати Афғонистон мондаасту халос.  Толибон то кунун наздик ба 15 вилояти Афғонистонро ғасб кардаанд, ки аксри ин вилоятҳои вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистон мебошанд.

Тоҷикистон дар соли 2016, бар пайи суқути аввал консулгарияш дар шаҳри Кундузуи вилояти Кундузро баста буд, ки дигарбора фаъол нашуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...