Русия ба Тоҷикистон барои сохтмони постгоҳи марзӣ дар марз бо Афғонистон 1,1 млн доллар медиҳад

Русия ба Тоҷикистон барои сохтмони постгоҳи марзӣ дар марз бо Афғонистон 1,1 млн доллар ҷудо кард. Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Олег Сиромолотов дар мусоҳиба бо “Интерфакс гуфтааст, созишномаи дахлдор дар ҷараёни гуфтушунидҳои наздик дар сатҳи олӣ ба имзо хоҳад расид. "Ба Тоҷикистон аз лиҳози молиявӣ ҳам кумак мекунем. Русия бо дархости шарикони худ барои […]

Русия ба Тоҷикистон барои сохтмони постгоҳи марзӣ дар марз бо Афғонистон 1,1 млн доллар ҷудо кард. Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Олег Сиромолотов дар мусоҳиба бо “Интерфакс гуфтааст, созишномаи дахлдор дар ҷараёни гуфтушунидҳои наздик дар сатҳи олӣ ба имзо хоҳад расид.

"Ба Тоҷикистон аз лиҳози молиявӣ ҳам кумак мекунем. Русия бо дархости шарикони худ барои сохтмони постгоҳи замонавии сарҳадӣ дар яке аз осебпазиртарин минтақаи марз бо Афғонистон дар вилояти Хатлони ҷумҳурӣ 1,1 млн доллар ҷудо мекунад”, – иброз доштааст Сиромолотов.

Ба гуфтаи муовини вазир, Русия тавассути вазоратҳои мудофиаи ва хадамоти махсус бо Тоҷикистон робитаҳои доимии корӣ дорад.

Сиромолотов ҳамчунин гуфтааст, вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз ҷониби низомиёни Русия шабонарӯзӣ бо истифода аз таҷҳизоти ҳавоӣ ва электронии иктишофӣ таҳти назорат қарор дорад.

"Тавассути воситаҳои иктишофии ҳавоӣ ва электронии дар ихтиёри артиши Русия қарордошта пайгирӣ (мониторинг)-и шабонарӯзии вазъ дар сарҳад ташкил карда шудааст, – иброз доштааст ӯ. – Барои расонидани кумак ба Душанбе, агар лозим шавад, омодаем аз пойгоҳи низомии 201 -и худ истифода барем. Иқтидори харбию техникии онро мунтазам мустаҳкам карда истодаем”.

Муовини вазир хотиррасон намудааст, ки охири моҳи июл аз пойгоҳи низомии Кант (Қирғизистон) гурӯҳи ҳавопаймоҳии ҳамлакунандаи Су-25 ба Тоҷикистон  интиқол дода шуд. Илова бар ин, як миқдори иборат аз 17 мошини ҷангии пиёдагард (БМП-2М) низ ба пойгоҳ оварда шуд.

Ҳамзамон Олег Сиромолотов илова намудааст, ки "муборизаи муассир бар зидди созмонҳои террористӣ дар Афғонистон, пеш аз ҳама, саъю талоши дастаҷамъонаи ҳамаи нерӯҳои сиёсии кишварро тақозо мекунад".

"Дар шароите, ки онҳо ба муқовимат зидди якдигар таваҷҷуҳ доранд, мутаассифона, дар бораи ояндаи наздики аз байн бурдани терроризм ҷойи сухан нест", – гуфтааст ӯ.

Вай таъкид доштааст, ки Русия дар пешбурди раванди оштии миллӣ дар Афғонистон мавқеи пайгирона дорад.

"Дар бунёди давлати бетараф, озод аз таҳдиди террористӣ ва ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир кумак мекунем. Ба ин бояд шаклҳои мухталифи музокирот дар платформаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла шакли "Маскав", гурӯҳи тамосии СҲШ ва Афғонистон, инчунин" сегона "-и васеъ – Русия, Чин, ИМА ва бо иловаи Покистон мусоидат намоянд”, – афзудааст муовини вазир.

Мусоҳибаи Олег Сиромолотов ба таври комил бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.