Тулуънюс: Тоҷикистон судури визаро дар Кобул қатъ кард. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон: қатъ накардаем

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабари нашркардаи расонаҳои Афғонистон дар мавриди қатъи судури раводидро бепоя хонд. Шабакаи телевизионии Tolonews дар телеграмканали худ, дар як хабари кӯтоҳ навишт, ки "раванди судури визои Тоҷикистон ба шаҳрвандони Афғонистон мутаваққиф шуд".  Дар раёсати  иттилоот ва матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки ин хабар бепоя аст ва бахши консулгарии сафорати […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабари нашркардаи расонаҳои Афғонистон дар мавриди қатъи судури раводидро бепоя хонд. Шабакаи телевизионии Tolonews дар телеграмканали худ, дар як хабари кӯтоҳ навишт, ки "раванди судури визои Тоҷикистон ба шаҳрвандони Афғонистон мутаваққиф шуд". 

Дар раёсати  иттилоот ва матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки ин хабар бепоя аст ва бахши консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Кобул чун пештара кор мекунад ва ҳеч тасмиме барои қатъи судури раводид барои шаҳрвандони Афғонистон, гирифта нашудааст.

Аммо Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, ки ба далоили амниятӣ ва ҳаводиси ахире, ки дар Афғонистон ҷараён дорад, Тоҷикистон консулгариҳояш дар шаҳри Мазори Шарифи вилояти Балх ва Файзободи вилояти Бадахшони Афғонистонро муваққататн бастааст.

Расонаҳои Афғонистон менависанд, ки бар пайи суқути пай дар пайи вилоятҳои Афғонистон ба дасти "Толибон" теъдоди шаҳрвандоне, ки мехоҳанд визаи Тоҷикистонро ба даст биоранд, зиёд шудааст.

Аммо Tolonews ба манбаъи хабараш дар мавриди қатъи судури раводиди Тоҷикистон дар Кобул ишора накардааст ва танҳо аз қатъи он хабар додаасту халос.

Толибон се рӯз пеш, шаҳри Файзободро тасарруф карданд ва акнун тамоми ин вилоят таҳти тасарруфи ин гуруҳ қарор дорад. Аз вилоятҳои шимолии Афғонистон танҳо вилояти Балх ва қисме аз вилояти Форёб дар ихтиёри давлати Афғонистон мондаасту халос.  Толибон то кунун наздик ба 15 вилояти Афғонистонро ғасб кардаанд, ки аксри ин вилоятҳои вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистон мебошанд.

Тоҷикистон дар соли 2016, бар пайи суқути аввал консулгарияш дар шаҳри Кундузуи вилояти Кундузро баста буд, ки дигарбора фаъол нашуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.