Дар Душанбе миқдори зиёди маводи мухаддир ба коми оташ рафт

Аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ рӯзи 11 август чорабинии сӯзонида несту нобуд кардани маводи нашъадор доир гардид. Тавре ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин чорабинӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳузури намояндагони расонаҳои хабарӣ, мақомоти Прокуратура, Суд ва дигар ташкилоту идораҳои марбута зиёда аз як тонна навъҳои гуногуни ин бори марговарро тариқи сӯзонидан маҳву […]

Asia-Plus

Аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ рӯзи 11 август чорабинии сӯзонида несту нобуд кардани маводи нашъадор доир гардид.

Тавре ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин чорабинӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳузури намояндагони расонаҳои хабарӣ, мақомоти Прокуратура, Суд ва дигар ташкилоту идораҳои марбута зиёда аз як тонна навъҳои гуногуни ин бори марговарро тариқи сӯзонидан маҳву нобуд намуданд.

Гуфта мешавад, аз ҷумла 34 кг 390 гр героин, 214 кг 563 гр афюн, 605 кг 483 гр бангдона, 272 кг 504 гр ҳашиш ва дигар намуди моддаҳои нашъадор ба коми оташ рафтанд.Ҳамчунин 216 грамм воситаҳои нашъадори синтетикии “Амфетамин”, 1 кг 971гр –  “Метамфитамин”, қари 2кг – “Метадон” ва 1кг 127 гр – “Алпразолам” низ сӯзонида несту нобуд карда шуданд.

Ёдрас мешавад, ки маводи нашъадори сӯзонидашуда далелҳои шайъие буданд, ки аз гурӯҳҳои нашъаҷаллоб мусодира гардидаву нисбаташон ҳукми суд содир гардидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.