Баҳси афсари кушташуда дар Панҷ ба Додгоҳи Олӣ расид

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Хонаводаи Меҳроншоҳ Аҳлиддинзода (Ҷумъаев) – афсари шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, ки дар бинои ин ниҳод аз сӯйи ҳамкораш  Насим Амирзода паронда шуд, аз ҳукми додгоҳи ноҳияи Панҷ ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикоят бурданд. Дар ин бора амаки афсари кушташуда Холиқназар Ҷумъаев ба “Азия плюс” хабар дод.

Наздикони афсари кушташуда дар шикоят ба Додгоҳи олӣ арз кардаанд, ки “суди зинаи аввал бар хилофи талаботи қонунҳои ҷории амалкунанда амал намуда, парвандаро яктарафа, ғайримунсифона, бе таҳқиқи ҳамаҷониба ва пурраи далелҳо, нишондодҳои нопурраи шоҳидон, бе муқаррар намудани ҳолати воқеии ҷинояти содиршуда ва истифодаи дурусти қонунҳо ҳангоми ҳалли парвандаи мазкур баррасӣ намуда, бо такя намудан ба далелҳои беэътимод ва нодуруст  ҳукми беасос баровардааст”.

Наздикони марҳум даъво доранд, ки Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Хатлон ва марҳилаи назоратии суди вилояти Халтон низ ин хатоҳоро дар таъинот ва қарори ба тасвибрасонидаашон такрор намудаанд.

Наздикони Меҳроншоҳ даъво доранд, ки суд далелҳои аз ҷониби онҳо – намояндагони ҷабрида пешниҳодшударо ба инобат нагирифта, дархостҳои хаттӣ дар мавриди такроран гузаронидани экспертиза вобаста ба коршоямӣ ва ё корношоям будани камераи мушоҳидавии дохили бино, гузаронидани ташхиси хатшиносӣ ва даъват кардани баъзе шоҳидонро ба суд сарфи назар намудааст.

Наздикони афсари кушташуда аз қарори додгоҳи ноҳияи Панҷ изҳори норозигӣ намуда, аз Додгоҳи Олӣ хоҳиш крадаанд, ки “ҳукми суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон аз санаи 11.05.2021сол. нисбати судшаванда Амирзода Насим Абдукарим бо моддаи 108, қисми 2  КҶҶумҳурии Тоҷикистон бинобар беасос ва ғайриқонунӣ буданаш бекор карда шуда, барои баррасии нав ба ҳамин суд дар ҳайати дигар судя ирсол карда шавад”.

Ёдовар мешавем, ки афсари милиса, лейтенанти калон Меҳроншоҳ Ҷумъаев (Аҳлиддинзода), ки ба ҳайси нозири минтақавӣ дар ҷамоати деҳоти Кабут Сайфиддинови ноҳияи Панҷ хидмат мекард, соати 4-и субҳи 7 феврал аз тири старшинаи милитсия Амирзода Насим Абдукарим ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ, дар ҷойи кор, яъне дар дохили бинои ШВКД Панҷ кушта шуд. Старшинаи милитсия Амирзода Насим Абдукарим ба сӯи марҳӯм ду тир парронд, ки яке ба Меҳроншоҳ бархӯрда, ӯро дар ҷойи ҳодиса кушт ва тири дигар хато рафта, ба шифт бархӯрда буд.

Прокуратураи ноҳияи Панҷ нисбати Амирзода Насим Абдукарим, старшинаи милитсия бо моддаи 108 қисми 2 (куштор аз беэҳтиётӣ) парванда боз карда буд, ки бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Панҷ рӯзи 11-уми май Насим  Амирзода Насим ҳамагӣ 3 сол ҳукми маҳбас дар низоми сукунатӣ муҷозот шуд, ки ин ба гуфтаи наздикони Меҳроншоҳ ноодилона буда, боиси муроҷиати онҳо ба зинаҳои болоии додгоҳӣ шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...