Раиси “Тоҷиксуғурта”-и Рӯшон ҳамсарашро ба кор гирифтаву маблағҳоро аз худ кардааст

Додситони ноҳияи Рӯшон, мудири ширкати давлатии “Тоҷиксуғурта”-и ин ноҳия Вазирова Иззатбегим Перузшоевнаро дар “сохтакории хизматӣ” ва “азонихудкунӣ” мутаҳҳам дониста парвандаи ҷиноиро ба додгоҳ ирсол кардааст.  Вазирова бо ҷурми ғайриқонунӣ ба расмиятдарорӣ ва ба вазифаи нозир ба КВД “Тоҷиксуғурта” дар ноҳияи Рӯшон ба кор қабул кардани шавҳараш айбдор мешавад. Додситонит кулли Тоҷикистон хабар медиҳад, ки додгоҳ ҳукми […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Додситони ноҳияи Рӯшон, мудири ширкати давлатии “Тоҷиксуғурта”-и ин ноҳия Вазирова Иззатбегим Перузшоевнаро дар “сохтакории хизматӣ” ва “азонихудкунӣ” мутаҳҳам дониста парвандаи ҷиноиро ба додгоҳ ирсол кардааст. 

Вазирова бо ҷурми ғайриқонунӣ ба расмиятдарорӣ ва ба вазифаи нозир ба КВД “Тоҷиксуғурта” дар ноҳияи Рӯшон ба кор қабул кардани шавҳараш айбдор мешавад.

Додситонит кулли Тоҷикистон хабар медиҳад, ки додгоҳ ҳукми худро дар баробари Иззатбегим Вазирова содир кардааст, аммо ин ниҳод нагуфтааст, ки додгоҳ чӣ ҷазое таъин кардааст.

Ба иттилои маркази матбуоти Додситони кулли Тоҷикистон алайҳи Вазирова Иззатбегим Перузшоевна мудир  ва Сарадбеков Сарадбек Назармавлоевич сармуҳосиби КВД “Тоҷиксуғурта” дар ноҳияи Рӯшон дар асоси моддаҳои 323 (сохтакории хизмаӣ) ва 245 қисми 2 бандҳои “в” ва “г” (азонихудкунӣ) Кодекси ҷиноӣ парванд боз шуда баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Додситонӣ мегӯяд, Иззатбегим Вазирова ҳамчун директори КВД “Тоҷиксуғурта” бо мақсади минбаъд дар мӯҳлати тӯлонӣ пай дар пай ба даст овардани даромади муфт, дидаю дониста бо истифода аз вазифаҳои хизматии худ шавҳараш  Мирзоҷонов Изатулло Абдуллоевичро ба кор қабул кардааст.

Мирзоҷонов Изатулло ба вазифаи нозири КВД “Тоҷиксуғурта”-и ноҳияи Рӯшон аз 01-уми январи соли 2018 бо роҳи сохтакорӣ, ва ғайриқонунӣ дар асоси фармони директори ин корхона  ба кор қабул шуда, амалан беш аз ду сол дар ин вазифа кор накардааст.

Ба ҷузъ ин Иззатбегим Вазирова  амалҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, тибқи маслиҳати пешакӣ бо сармуҳосиби КВД “Тоҷиксуғурта” дар ноҳияи Рӯшон Сарадбеков Сарадбек Назармавлоевич бо истифодаи ваколати мансабии худ аз моҳи феврали соли 2018 то моҳи ноябри соли 2020 ҳармоҳа ҳамчун маош ва дигар кумакпуливу хароҷотҳо бе иҷрои кор ва хизматрасонӣ ба суратҳисоби шавҳараш Мирзоҷонов Изатулло дар умум 15882,36 сомонӣ маблағ гузаронида аз они худ кардааст, навиштааст дафтари матбуоти Додситонии кул.

Мақомоти додситонӣ гуфтааст ҳангоми тафтиш зарари ба давлат расонидаи директори КВД “Тоҷиксуғурта”-и ноҳияи Рӯшон пурра барқарор карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.