Home Сужаҳо Афғонистон Манбаъ аз Арги Кобул: Ашрафғанӣ ба Тоҷикистон ва аз он ҷо ба...

Манбаъ аз Арги Кобул: Ашрафғанӣ ба Тоҷикистон ва аз он ҷо ба кишвари сеюм рафт

0
8514
1122947763_0_179_3006_1870_600x0_80_0_0_9120549ec286da183aa49df59ab8889f

Саҷҷод Нуристонӣ, корманди дастгоҳи ҳукумати Ашраф Ғанӣ аз Кобул ба "Азия-Плюс" хабар дод, ки Ашраф Ғанӣ аз мақоми раёсатҷумҳурии Афғонистон истеъфо дод ва ба Тоҷикистон рафт.

Ба гуфти Нуристонӣ, ҳамроҳ бо Ашраф Ғанӣ, Ҳамдуллоҳ Муҳиб мушовири амнияти милии ӯ ва Фазлмаҳмуд Фазлӣ раиси идораи умур ё дастгоҳи иҷроияи Ғанӣ низ ба Тоҷикистон рафтанд.

Ба гуфтаи Нуристонӣ, Ғанӣ аввал ба Тоҷикистон  ва аз он ҷо ба кишвари сеюм рафт, ки ҳоло маълум нест кадом кишвар аст.

 Ҳоло таъйиди расмии ин хабар дар Тоҷикистон барои "Азия-Плюс" муяссар нашудааст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, бо нашри як видео дар саҳфаи фейсбукаш фирори Ашраф Ғаниро таъйид кард ва аз ӯ ба унвони "раисҷумҳури собиқи Афғонистон" ном бурд.

Аммо Абдуллоҳ нагуфт, ки Ғанӣ ба кадом кишвар рафтааст, танҳо гуфт, ки "Худованд бо ҳамроҳаш муҳосиба (ҳисобу китоб) мекунад".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here