Агентии Оғо Хон дар Тоҷикистон озмоишгоҳи банақшагирӣ ва тарҳрезии шаҳрҳо таъсис медиҳад

Иттилоияи расмӣ

Имрӯз, 17 август дар доираи Барномаи устувории шаҳри Хоруғ, Филиали Агентии Оғо Хон оид ба макони зист (АКАХ) ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи ҳамкориро оиди таъсис намудани озмоишгоҳи банақшагирӣ ва тарҳрезии шаҳр ба имзо мерасонад.

Ин ҳамкорӣ ба тақвият бахшидани раванди банақшагирии устувори шаҳр ва деҳот роҳандозӣ гардида,  барои ба роҳ мондани лоиҳаҳо ва барномарезии усувор ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Созишнома дар доираи Барномаи “Устувори шаҳри Хоруғ”, шарикии панҷсолаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷомеаи байналмилалӣ ва шаҳрвандони шаҳри Хоруғ, ки барои таъмин намудани устувории дарозмуддати шаҳри Хоруғ ва аҳолии Тоҷикистон равона карда шудааст, ба имзо расид.

Дар доираи Созишномаи мазкур ба нақшаи генералии шаҳри Хоруғ ҷанбаҳои устуворӣ бо мақсади паст намудани хатарҳо, зиччии аҳолӣ ва мутобиқсозии шаҳр ба тағирёбии иқлим дар ҳамкории муштарак бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон, Созмони миллали муттаҳид оид ба макони зист, AКАХ ва Дафтари Шветсария оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, дароварда мешаванд. Ва ин нақшаи рушди устувори шаҳр бо нақшаи сармоягузорӣ, ки иқтисодиёти  шаҳрро баланд мебардорад, пайваст ҳамоҳанг хоҳад шуд.

Ҳадафи барнома дар таҳия кардани намунаи нақшаи шаҳри устувор барои нуқтаҳои аҳолинишини баландкӯҳ, ки дар саросари Тоҷикистон ва дигар қисматҳои Осиёи Марказӣ татбиқ карда мешавад, мебошад. Дигар соҳаҳои ҳамкорӣ аз қабили баланд бардоштани зарфият ва рушди таҷрибаи техникии ҷонибдорон дар банақшагирии устувори ва тобовари шаҳри муосир дар бар мегирад.

Филиали Aгентии Оғо Хон оид ба макони зист ва SECO барои таҳияи барномарезии шаҳр, банақшагирии молиявӣ, ва инчунин барои арзёбии иқтидори демографии шаҳрҳо таҷҳизоту барномаҳоро таъмин хоҳад кард. Илова ба ин, дар раванди банақшагирӣ барои мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим ва раванди корҳои сохтмонии мутобиқ ба талаботи экологӣ мусоидат хоҳад кард. Ҳамкории дуҷонибаи АКАХ ва Кумитаи меъморӣ инчунин барои таҷлили 30-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи озмуни “Хоруғ аз нигоҳи ман”, ки барои ба ҳам овардани фикру афкори ҷомеа оиди рушди 30-солаи ояндаи шаҳр равона карда шудааст, бароҳ монда шудааст.  

 Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ин ҳамкориро хуб пазироӣ намуда, иброз дошт, ки:

“Тоҷикистон таърихи тӯлонии банақшагирии рушди шаҳрсозӣ дорад. Мо аз ҳамкорӣ бо шарикон ба мисли AКАХ ва Ҳукумати Швейтсария бисёр ифтихор дорем, ки рағбати донишу малака, таҷрибаи техникӣ ва дастгирии худро барои ҳалли баъзе мушкилоте, ки дар назди Тоҷикистон истодаанд, мубодила кунанд, инчунин сипосгузории бепоёни хешро ба донорҳо ва муассисаҳои шарикӣ иброз намуда, ба ҳамкории минбаъдаи судманд умедворем”.

Ҷаноби Ричард Ченевард, муовини директори Дафтари Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, қайд намуда буд, ки "Барномаи “Устувории шаҳри Хоруғ” на танҳо аз сабаби мураккабии дохилии худ, балки аз сабаби иқдоми хеш барои муайян кардани ҳадафҳои хеле дарозмуддаташон як барномаи хеле баланҳимат ба ҳисоб меравад. Он дар якҷоягӣ бо мардум ва ҷалби коршиносону шарикони вақфшудаи сатҳи Ҳукумат, вилоят ва сатҳи шаҳр ояндасозӣ карда истодааст. Ҳукумати Швейтсария тавассути СЕКО аз иштирок дар масъалаи мазкур ифтихорманд буда, муштоқонаебошад."

Ҷаноби Ҳодӣ Ҳусейнӣ, директори иҷроияи АКАХ шариконро бо ин ҳамкори таърихӣ табрику таҳният гуфта, иброз намуд, ки рушди шаҳрсозӣ, яъне урбанизатсия афзун гардида истодааст ва “ин заминаи қавиро барои рушди иқтисодиёт фароҳам меорад. Афзоиши таъсири таъғирёбии иқлим ва хатарҳои табиӣ, банақшагирии шаҳри устувор аз ҳарвақта дида муҳимтар гардидааст. Бо дастгирии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории фаъол бо Ҳукумати Швейтсария, дар якҷоягӣ шаҳри Хоруғ ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистонро ба шаҳрҳои устувору тобовари қобили ҳаёт табдил дода, инчунин барои фароҳам овардани имкониятҳо дар беҳсозии сифати зиндагии насли оянда мусоидат мекунем”.

Барномаи устувории шаҳри Хоруғ (КURP) ташаббуси панҷсолаи банақшагирӣ ва тасдиқи консепсия дар таъсис додани сохторҳо, системаҳо ва иқтидорҳо барои ба шаҳри намунавии тобовар ва устувор табдил додани Хоруғ равона шуда, инчунин ба рушди устувори иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мусоидат мекунад. Барнома дар навбати худ робитаи байни сохторҳо, банақшагирӣ ва сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ташаббусу иқдоми ҷомеа ва шарикони миллӣ ва байналмилалӣ дар мустаҳкам намудани устуворӣ ва банақшагирии имконот барои Хоруғ мепайвандад. Маблағгузорӣ аз ҷониби Дафтари ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (SECO) бо маблағгузории муштарак аз ҷониби оҷонсиҳои Шабакаи Рушди Оғохон (AKDN), Иттиҳоди Аврупо ва Сафорати Ҷопон таъмин карда мешавад. Барномаи устувории шаҳри Хоруғ аз ҷониби Филиали Агентии Оғо Хон оид ба макони зист бо дастгирии Фонди Тоҷикистонии Оғохон (AКF) амалисозӣ карда мешавад.

Филиали “Агентии Оғо Хон оид ба макони зист” (АКАХ): АКАХ имкониятҳои Фокуси кӯмаки башардӯстона, Хадамоти Банақшагирӣ ва Сохтмони Оғо Хон ва ташаббуси идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ АКДН, диққати асосиро ба омодагӣ ба офатҳои ногаҳонӣ ва шиддатнок равона мекунад.  АКАХ фаъолияти худро барои таъмин намудани бехатарии зиндагии одамон дар макони зист, ки то ҳадди имкон аз таъсири офатҳои табиӣ эминанд, ҳолати омодагӣ ва посухдиҳӣ ба офатҳои табиӣ аз ҷониби сокиноне, ки дар минтақаҳои хатарнок зиндагӣ мекунанд ва инчунин шароити дастрасӣ ба хизматрасониҳои асосӣ, ки имкониятҳои васеъ ва сифати беҳтарини ҳаёт оварда мерасонанд, роҳандозӣ мекунад. Дар мадди аввал, самтҳои афзалиятноки АКАХ Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Покистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҳиндустон хоҳанд буд. Барои дарёфт намудани иттилотҳои дигар дар бораи АКАХ аз сомонаи агентӣ истифода баред: http://www.akdn.org/our-agencies/aga-khan-agency-habitat

Дар бораи Секо:

Дафтари Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳукумати Швейтсарияро муаррифӣ намуда, лоиҳаҳои аз ҷониби Швейтсария маблағгузоришавандаро дар Тоҷикистон назорат мекунад. Дар Тоҷикистон ду Оҷонси федералии Швейтсария – Агентии Швейтсария оид ба Рушд ва Ҳамкорӣ (SDC) ва Котиботи Давлатӣ оид ба Иқтисод (SECO) кору фаъолият доранд ва Ҳукумати Швейтсария лоиҳаҳои самти зеринро ба монанди таъмини об, шуғл ва рушди иқтисодӣ, таъмини инфрасохтор ва масъалаи таӯирёбии иқлимро маблағгузорӣ мекунад. Илова бар ин, Ҳукумати Швейтсария дар Тоҷикистон Барномаҳо ва пешниҳодҳои хурди минтақавиро дар илова ба эҳёи фарҳангу санъат дастгирӣ мекунад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...