Муовини аввали президенти Афғонистон худро сарвари давлат эълон кард

Муовини аввали президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ ба ҷойи Ашраф Ғании қаламрави кишварро тарккарда худро сарвари нави давлат эълон кард. Изҳороти марбутаро сиёсатмадор 17 август дар саҳифаи худ дар Twitter нашр кард, менависад хабаргузории “Фергана”. “Тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дар сурати ҳузур надоштан, фирор, истеъфо ё марги президент, муовини аввали ӯ иҷрокунандаи вазифаи президент […]

Asia-Plus

Муовини аввали президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ ба ҷойи Ашраф Ғании қаламрави кишварро тарккарда худро сарвари нави давлат эълон кард. Изҳороти марбутаро сиёсатмадор 17 август дар саҳифаи худ дар Twitter нашр кард, менависад хабаргузории “Фергана”.

“Тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дар сурати ҳузур надоштан, фирор, истеъфо ё марги президент, муовини аввали ӯ иҷрокунандаи вазифаи президент мешавад. Ман дар кишвар қарор дошта, мувофиқи қонун иҷрокунандаи вазифаи президент мебошам. Барои таҳкими ин мавқеъ бо ҳамаи пешвоёни кишвар дар машварат ҳастам”, – омадааст дар изҳороти сиёсатмадор.

Тахмин зада мешавад, ки Солеҳ ҳамроҳи гурӯҳҳои зиддитолибӣ дар зодгоҳаш – вилояти Панҷшер қарор дорад.

Қаблан дар саҳифаи худ дар Twitter Солеҳ ҳангоми тарки пойтахти Афғонистон изҳор намуда буд, ки “таҳти ҳеҷ шароите ва  дар баробари ҳеч имтиёзе, султаталабиро болои мардуми Афғонистон намепазирем”.

Ёдрас мекунем, ки Аҳмад Масъуд, фарзанди яке аз фармондеҳони шинохтаи Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд пас аз як рӯзи аз ҷониби толибон тасарруф шудани Кобул ва парокандагии давлат, аз мардуми Афғонистон даъват кард, ки ба мубориза зидди толибон сарҷамъ шаванд.

Даъвати Аҳмад Масъуди хурдиро маҷаллаи «La Règle du Jeu» нашр кард.

“Ман ва ҳаммаслаконам ба додани хуни худ омодаем. Аз ҳамаи афғонҳои озодихоҳ, ки бандагиро намепазиранд, даъват мекунем, ки ба пойгоҳамон дар Панҷшер, охирин минтақаи озод дар сарзамини азиятдидаи мо бипайванданд”, – навишт Аҳмад Масъуд.

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар пайи пешравии нерӯҳои Толибон кишварро тарк кард ва дар бораи макони будубоши феълии ӯ маълумоте нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.