Ифтитоҳи филиали “Саноатсодиротбонк” дар Хуҷанд

Чанде пеш дар кӯчаи Шарқи шаҳри Хуҷанд маросими тантанавии ифтитоҳи бинои филиали КВД Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон – “Саноатсодиротбонк” доир гардид. Дар ин маросим раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси бонки “Саноатсодиротбонк” Ҳокимшо Бобозода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳузур доштанд. Филиали бонк бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорони ватанӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, бахусус […]

Чанде пеш дар кӯчаи Шарқи шаҳри Хуҷанд маросими тантанавии ифтитоҳи бинои филиали КВД Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон – “Саноатсодиротбонк” доир гардид.

Дар ин маросим раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси бонки “Саноатсодиротбонк” Ҳокимшо Бобозода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳузур доштанд.

Филиали бонк бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорони ватанӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, бахусус дар вилояти Суғд – яке аз минтақаҳои бузурги саноатӣ ва содиротӣ дар Тоҷикистон боз шуд.

Аз замони таъсисёбиаш”Саноатсодиротбонк” ба сифати сармоягузори дохилӣ барои дастгирии корхонаҳои саноатии кишвар фаъолият намуда, то имрӯз ба 223 субъекти хоҷагидор бо шумули соҳибкорони феълии вилояти Суғд зиёда аз 326 млн сомони қарзҳои имтиёзнок ҷудо кард.

Айни замон бонк ҷиҳати қарздиҳӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ, ки ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда машғуланд, афзалият дода, ба онҳо бо фоизҳои паст қарз медиҳад. Ҳамзамон бонк ба дигар мизоҷон воситаҳои гуногуни қарздиҳӣ пешниҳод мекунад.

Дар филиали бозшуда зиёда аз 20 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши шоиста таъмин  мешаванд. Филиал ба пешниҳоди ҳама гуна навъҳои хизматрасонии бонкӣ имкон дошта, ҳадаф аз ин сармоягузории минбаъда ба рушди саноат ва имконоти содиротии кишвар мебошад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳ изҳор намуд, ки филиали бонк баҳри рушди иқтисоди миллӣ, дастгирии соҳибкорон ва бахусус роҳандозии содироти молу маҳсулот ба хориҷи кишвар шароитҳои нави мусоид фароҳам меоварад.

Дар маросим зикр шуд, ки кормандони “Саноатсодиротбонк” таҳти шиори “Дониш, соҳибкасбӣ ва масъулият” фаъолият мекунанд.

Қобили зикр аст, ки бо қарори президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди ҳукумати Тоҷикистон” ба КВД Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон – “Саноатсодиротбонк” табдил дода шуд. Ҳадафи аслии он дастгирии тиҷорати хурду миёна, бахусус дар бахши истеҳсолот ва содиркунандагони ватанӣ унвон мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.