Хонандагон аз ҳамдигар як метр дур. Мактабҳо дар давраи пандемия чӣ гуна бояд амал кунанд?

Вазорати маориф ва илм дастурамали тартиби баргузории дарсҳо дар давраи пандемияро омода кардааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” корманди маркази матбуоти вазорат Бахтовар Сафаров. Дар вазорат гуфтанд пӯшидани ниқоби тиббӣ ба хонандагон ҳатмӣ буда, дар даромадгоҳи мактабҳо бояд маҳлулҳои анисептикӣ гузошта шаванд. Дар дастурамал тарзи ба роҳ мондани рафти таҳсил дар давраи пандемия муфассал шарҳ дода […]

Вазорати маориф ва илм дастурамали тартиби баргузории дарсҳо дар давраи пандемияро омода кардааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” корманди маркази матбуоти вазорат Бахтовар Сафаров.

Дар вазорат гуфтанд пӯшидани ниқоби тиббӣ ба хонандагон ҳатмӣ буда, дар даромадгоҳи мактабҳо бояд маҳлулҳои анисептикӣ гузошта шаванд.

Дар дастурамал тарзи ба роҳ мондани рафти таҳсил дар давраи пандемия муфассал шарҳ дода шудааст:

– Дар соли нави хониш хонандагони мактабҳои Тоҷикистон дар синфхонаҳо аз ҳамдигар як метр дур бояд шинанд ва ҳангоми будани имконият курсиҳои онҳо ба таври тахтаи шоҳмот ҷойгир карда шаванд.

Дар сурате, ки дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон норасоии синфхонаҳо ба миён омадааст, ҳоло маълум нест, ки ин масъала чӣ гуна амалӣ мешавад.

– Тамоси байни ҳамсабақон бо роҳи аз нав тартиб додани ҷадвали дарсҳо ва вақти танаффусҳо бояд маҳдуд карда шавад. Масалан, хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз дарс 5 дақиқа пештар ҷавоб дода шаванду ва ҳар як синф бо навбат ба танаффус барояд;

– Хонандагони басти аввал тавассути дари баромадгоҳи муассисаҳои таълимӣ гусел карда шуда, басти дуввум бо дари даромади асосӣ ба мактаб ворид шаванд;

– Дар ҳолатҳои имконпазир шумори хонандагон дар синфҳо кам карда шуда, хонандагони як синф  байни синфхонаҳо баробар тақсим карда шаванд;

– Омӯзгор бояд аз хонандагон 2 метр фосила бигирад. Хонандагон бояд ба қадри имкон бо омӯзгорони худ дар берун аз синфхона низ рӯ ба рӯ нашаванд;

– Дар мактабҳо бояд долонҳои яксамта барои маҳдуд сохтани тамоси наздик ташкил карда шавад ва бо истифода аз аломатҳои аёнӣ, аз қабили часпак (скотч) дар рӯи фаршҳо ё роҳравҳо самти ҳаракати яксамта нишон дода шавад;

– Дар вақти танаффусҳо хонандагон дар синфхонаҳо нигоҳ дошта шаванд ва танҳо омӯзгорон иваз шаванд. Ин бо мақсади пешгирӣ намудани ҷамъшавии хонандагони сершумор дар долон гуфта мешавад.

Ошхона ва дарсҳо дар фазои боз

Ба мактабҳои Тоҷикистон ҳамчунин тавсия дода шудааст, ки хӯроки нисфирӯзии хонандагонро дар фазои кӯшод ва ё ҷойҳои иловагӣ ташкил намоянд. Ва барои кам намудани шумораи хонандагон дар як вақт дар ошхонаи муассисаҳои таълимӣ хӯроки нисфирӯзии алоҳида таъсис дода шавад.

Талаб карда шудааст, ки дар давоми рӯз ва байни бастҳо сатҳҳое, ки ба онҳо зуд-зуд даст расонида мешавад, ошхонаҳои муассисаҳои таълмиӣ, ҷойҳои дастшӯӣ, ҳочатхонаҳо тез-тез тоза карда шаванд.

Гуфта мешавад, ки дар ҳолати мавҷуд будани имконият дарсҳои мусиқӣ/суруд, технологияи меҳнат ва табиатшиносӣ дар берун гузаронида шаванд.

Манбаъи мо аз Вазорат гуфт, ки тафтиш намудани дастрасии собун ва маҳлули безараргардонӣ қабл аз оғозшавии басти оянда ва то қадри имкон таъмин намудани онҳо вазифаи аввалиндараҷаи роҳбарияти мактабҳо аст.

Пайваста кушода мондани дару тирезаҳо бо мақсади таъмин намудани шамолдиҳии хуб ҳам аз тадбирҳое аст, ки имсол дар мактабҳои Тоҷикистон амалӣ бояд шавад.

Ҳамчунин, ташрифи меҳмононро ҳам дар мактабҳо маҳдуд мекунанд ва дар сурати зарурӣ меҳмонон бояд бо ниқоб ба муассиса ворид шаванд.

Инчунин, хотиррасон кардани хонандагон оид ба шустушӯи мунтазам ва бодиққати дастон аз тадбирҳои дигаре аст, ки дар мактабҳои Тоҷикистон бояд амалӣ шавад.

Дар Вазорати маориф ва илм гуфтанд, ки ин талаботҳо дар дастурамали махсус ҷой дода шуда, то оғози соли таҳсил ба ҳамаи мактабҳои Тоҷикистон ирсол мешавад ва татбиқи он ба уҳдаи масъулини мактабҳо аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.