Дар Душанбе Форуми рушди зеҳни сунъӣ ба кор оғоз кард

Дар меҳмонхонаи Hyatt Regency-и пойтахт субҳи имрӯз бахшида ба 65-солагии Конфронси Дартмун Форуми рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон ба кор оғоз намуд. Чорабинии мазкур аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ ва озмоишгоҳ (лаборатория)-и зеҳни сунъии tajrupt.ai созмон дода шудааст. Дар ҷараёни кори форум масоили мубрам ва навгониҳои вобаста ба пешбурди зеҳни сунъӣ дар […]

Дар меҳмонхонаи Hyatt Regency-и пойтахт субҳи имрӯз бахшида ба 65-солагии Конфронси Дартмун Форуми рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон ба кор оғоз намуд. Чорабинии мазкур аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ ва озмоишгоҳ (лаборатория)-и зеҳни сунъии tajrupt.ai созмон дода шудааст.

Дар ҷараёни кори форум масоили мубрам ва навгониҳои вобаста ба пешбурди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон мавриди баҳсу баррасии зиёда аз 100 нафар намояндагони муассисаҳои давлатӣ, сафоратхонаҳои хориҷӣ, созмонҳои байнулмилалӣ, инчунин меҳмонони хориҷӣ, мутахассисони соҳаи зеҳни сунъӣ ва олимони Академияи илмҳо қарор мегирад.

Ширин Амонзода, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав, Завқи Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо, Азизҷон Азимӣ, муассиси озмоишгоҳи tajrupt.ai, Ҷон Хеннесси, раиси Шӯрои мудирони ширкати Alphabet ва профессори Донишгоҳи Стэнфорд, Екатерина Клинова ва дигарон маърӯзачиёни форум мебошанд.

Конфронси Дартмут оид ба масоили зеҳни сунъӣ, ки тобистони соли равон дар коллеҷи Дартмут доир гардид, барои рушди ин илм аҳаммияти муҳим дошт: он одамонеро, ки ба моделсозии зеҳни инсонӣ таваҷҷуҳ доранд, ба ҳамдигар шинос намуда, пайдоиши соҳаи нави илмро тасдиқ ва ба он «Artificial Intelligence» – “Зеҳни сунъӣ” ном гузошт.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ қабул мешавад. Ёдрас мекунем, ки 27 июл вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир дар бораи таъсиси Шӯрои зеҳни сунъӣ дар назди Вазорати саноат фармон имзо кард.

Раиси Шӯро Азизҷон Азимӣ, муассиси аввалин маркази зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ t.ai lab.таъин шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.