Дар Душанбе Форуми рушди зеҳни сунъӣ ба кор оғоз кард

Asia-Plus

Дар меҳмонхонаи Hyatt Regency-и пойтахт субҳи имрӯз бахшида ба 65-солагии Конфронси Дартмун Форуми рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон ба кор оғоз намуд. Чорабинии мазкур аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ ва озмоишгоҳ (лаборатория)-и зеҳни сунъии tajrupt.ai созмон дода шудааст.

Дар ҷараёни кори форум масоили мубрам ва навгониҳои вобаста ба пешбурди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон мавриди баҳсу баррасии зиёда аз 100 нафар намояндагони муассисаҳои давлатӣ, сафоратхонаҳои хориҷӣ, созмонҳои байнулмилалӣ, инчунин меҳмонони хориҷӣ, мутахассисони соҳаи зеҳни сунъӣ ва олимони Академияи илмҳо қарор мегирад.

Ширин Амонзода, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав, Завқи Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо, Азизҷон Азимӣ, муассиси озмоишгоҳи tajrupt.ai, Ҷон Хеннесси, раиси Шӯрои мудирони ширкати Alphabet ва профессори Донишгоҳи Стэнфорд, Екатерина Клинова ва дигарон маърӯзачиёни форум мебошанд.

Конфронси Дартмут оид ба масоили зеҳни сунъӣ, ки тобистони соли равон дар коллеҷи Дартмут доир гардид, барои рушди ин илм аҳаммияти муҳим дошт: он одамонеро, ки ба моделсозии зеҳни инсонӣ таваҷҷуҳ доранд, ба ҳамдигар шинос намуда, пайдоиши соҳаи нави илмро тасдиқ ва ба он «Artificial Intelligence» – “Зеҳни сунъӣ” ном гузошт.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ қабул мешавад. Ёдрас мекунем, ки 27 июл вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир дар бораи таъсиси Шӯрои зеҳни сунъӣ дар назди Вазорати саноат фармон имзо кард.

Раиси Шӯро Азизҷон Азимӣ, муассиси аввалин маркази зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ t.ai lab.таъин шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...