ИА пирӯзии “Толибон”-ро дар Афғонистон эътироф кард

Asia-Plus

Жозеп Боррел, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар умури хориҷа ва сиёсати амният гуфт, Толибон (созмони террористии фаъолияташ дар як қатор кишварҳо манъшуда) дар Афғонистон пирӯз шуданд ва аз ин рӯ, Иттиҳоди Аврупоро лозим меояд, ки бо онҳо ба муколама бипардозад.

“Моро лозим меояд, ки бо ҳукумати дар Кобул қарордошта ҳар кӣ бошанд ҳам, ба муколама бипардозем. Толибон дар ҷанг ғалаба карданд ва мо бояд бо онҳо гуфтушунид кунем", – гуфтааст ӯ дар нишасти матбуотӣ пас аз нишасти таъҷилии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, хабар медиҳад РБК.

Аз ҷумла, ИА бо Толибон бояд масоили марбут ба кӯчонидани шаҳрвандони кишварҳои аврупоӣ ва афғонҳоро аз кишвар, ки дар ҷараёни маъракаи низомии онҳо дар соли 2001 ба кишварҳои Ғарб кумак кардаанд, баррасӣ кунад.

"Ман ба Афғонистон як ҳайат мефиристам, то бо Толибон барои ҳалли масъалаҳои амалӣ гуфтушунид кунад", –  гуфтааст Боррел.

Дар посух ба ин суол, ки оё Толибон пас аз оғози маъракаи низомии Ғарб дар Афғонистон тағир ёфтаанд, Боррелл посух додааст, ки ӯ то ҳол дар ин бора хулосаи ниҳоӣ бароварда наметавонад.

"Онҳо (Толибон) мисли пешинаанд, аммо бо забони англисӣ беҳтар ҳарф мезананд", – иброз доштааст дипломат.

Ба ҷуз роҳандозии иртибот бо Толибон, Боррел боз аз ду ҳадафи дигари Иттиҳоди Аврупо дар Афғонистон ном бурдааст. Аввалаш – аз кишвар баровардани шаҳрвандони худ ва афғонҳои ба Ғарб кумаккарда, агар онҳо чунин хоҳиш дошта бошанд.

“Вазифаи аввали мо кӯчонидан ва фароҳам сохтани шароити амну бехатар барои шаҳрвандони аврупоӣ ва афғон, ки муддати 20 сол бо мо кор карданду мехоҳанд кишварро тарк кунанд, – гуфтааст ӯ. – Вазифаи дигар – роҳ надодан ба рӯйи кор омадани буҳрони нави муҳоҷират бар асари вазъ дар Афғонистон”.

Доир ба сабақҳои шикасти ҳукумати Афғонистон Боррел иқрор кардааст, ки давлатдориро аз берун бунёд кардан ғайриимкон буда, онро танҳо худи шаҳрвандони кишвари мушаххас сохта метавонанд.

Ба гуфтаи дипломат, ҳарчанд Ғарб тавонист “Ал-Қоида”-ро (созмони террористии фаъолияташ дар як қатор кишварҳо манъшуда) мағлуб кунад, аммо ба ИМА ва Иттиҳоди Аврупо муяссар нашуд, ки дар ин кишвар давлати муосир бунёд кунанд.

Боррел гуфтааст, аз он ҳайрон аст, ки Толибон бар артиши Афғонистон, ки барои таҳкими он вақту пули зиёде масраф шуд, чӣ гуна ба осонӣ тавонистанд дастболо шаванд.

“Бо вуҷуди ҳаҷми бесобиқаи восита ва дастгириву кумак ба ҳукумати Афғонистон, аз лиҳози бунёди давлатдорӣ ва таҳкими неруҳои низомӣ дар кишвар, аз ҳамаи ин натиҷаҳои ночизе ҳосил шуд, – эътироф намудааст дипломат. – Мо бояд ба хатогиҳои содиркардаамон иқрор шавем”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...