Ӯзбекистон ҳузури Ғанӣ, Дӯстум, Нур ва дигар пешвоёни афғонро дар кишвар рад кард

Дар Ӯзбекистон маълумот дар бораи ҳузур доштани Ашраф Ғанӣ, Абдурашид Дӯстум, Ато Муҳаммади Нур ва дигар пешвоёни афғонро дар ин кишвар рад карданд, иттилоъ дод Рodrobno.uz. Маълумотро дар ин хусус хабаргузории назди ВКХ Ӯзбекистон” – “Дунё” нашр кард. “Ахиран дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ маълумотҳое нашр мешаванд, ки гӯё бархе аз ходимон ва роҳбарони гурӯҳҳои […]

Дар Ӯзбекистон маълумот дар бораи ҳузур доштани Ашраф Ғанӣ, Абдурашид Дӯстум, Ато Муҳаммади Нур ва дигар пешвоёни афғонро дар ин кишвар рад карданд, иттилоъ дод Рodrobno.uz. Маълумотро дар ин хусус хабаргузории назди ВКХ Ӯзбекистон” – “Дунё” нашр кард.

“Ахиран дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ маълумотҳое нашр мешаванд, ки гӯё бархе аз ходимон ва роҳбарони гурӯҳҳои этникии Афғонистон дар қаламрави Ӯзбекистон мебошанд. Аз ҷумла, аз Ашраф Ғанӣ, Абдурашид Дӯстум, Ато Муҳаммади Нур ва дигарон ном бурда мешавад. Тибқи маълумоти расмӣ, ин гуна хабарҳо асоси воқеӣ надоранд”, – омадааст дар хабар.

Қаблан чанде аз ВАО-и Русия хабар доданд, ки ходими низомӣ ва сиёсии ӯзбектабори афғон маршал Абдурашид Дӯстум ҳамроҳи як гурӯҳ ҳарбиён дар қаламрави Ӯзбекистон қарор дошта, бо мақомоти кишвар гуфтушунид доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.