Бинои сафорати Чин дар Душанбе тахриб мешавад

Дар доираи амалисозии Нақшаи генералии пойтахти Тоҷикистон бинои ҳозираи сафоратхонаи Чин дар Душанбе тахриб мешавад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе иттилоъ дод, ҳукумати пойтахт барои сохтмони маҷмӯи биноҳои сафорати Чин дар Тоҷикистон қитъаи замин ҷудо кардааст. Бино ба гуфтаи манбаъ, бинои нави сафорат дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт сохта хоҳад шуд. Манбаъ зикр […]

Дар доираи амалисозии Нақшаи генералии пойтахти Тоҷикистон бинои ҳозираи сафоратхонаи Чин дар Душанбе тахриб мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе иттилоъ дод, ҳукумати пойтахт барои сохтмони маҷмӯи биноҳои сафорати Чин дар Тоҷикистон қитъаи замин ҷудо кардааст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, бинои нави сафорат дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт сохта хоҳад шуд.

Манбаъ зикр кард, ки сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон дар ин маҳалла ҷойгир буда, ин ҷо сафоратхонаҳои Ӯзбекистон ва Миср низ бунёд мегарданд.

“Бинои ҳозираи сафоратхонаи Чин, ки дар наздикии шаҳраки тиббӣ (Медгородок) воқеъ аст, баъди дар маҳаллаи Зарафшон сохта шудани маҷмӯи биноҳои нав тахриб хоҳад шуд”, – афзуд манбаъ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.