Шумораи воксингирифтаҳо то имрӯз: дар Душанбе 77 ва дар ҷумҳурӣ 30 дарсад

Дар Тоҷикистон 29,5 фоиз аҳолӣ бар зидди бемории COVID-19 воксин зада шудаанд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтммоӣ хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки то 17 август, 77 фоизи сокинони шаҳри Душанбе воксин зада шудаанд. Манбаъ менависад, ки ба ҳолати 17 август дар ҳудуди кишвар 1 миллиону 755 ҳазору 958 нафар шаҳрванд […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон 29,5 фоиз аҳолӣ бар зидди бемории COVID-19 воксин зада шудаанд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтммоӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки то 17 август, 77 фоизи сокинони шаҳри Душанбе воксин зада шудаанд.

Манбаъ менависад, ки ба ҳолати 17 август дар ҳудуди кишвар 1 миллиону 755 ҳазору 958 нафар шаҳрванд ба ваксинатсия фаро гирифта шуда, вояи дуюми ваксинаро беш аз 212 ҳазор шаҳрванд гирифтаанд.

– Аз давраи хуруҷи бемории COVID-19 бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон бобати ҳифзи аҳолӣ аз гирифторӣ ба беморӣ 4 миллиону 160 ҳазору 740 воя воксина вориди қаламравӣ кишвар гардонида шуда, иқдомоти амалӣ дар ин самт идома доранд,-менависад вазорат.

Дар идома ёдоварӣ мешавад, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19, ки санаи 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18 сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад.

-Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад,-қайд мекунад манбаъ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.