Ҳалокати навраси 16-сола ва ноболиғи 7-сола зери чархи автомашина

Ронандаи автомашинаи “Мерседес-Бенс”, Меҳриддин Абдуалимзодаи 24-сола, сокини ноҳияи Восеъ ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе – Восеъ дар қаламрави шаҳраки Ҳулбук аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Тоҳир Абуллоеви 16-соларо бо автомашина пахш кардааст. Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар натиҷа ноболиғ бар асари ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Гуфта […]

Asia-Plus

Ронандаи автомашинаи “Мерседес-Бенс”, Меҳриддин Абдуалимзодаи 24-сола, сокини ноҳияи Восеъ ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе – Восеъ дар қаламрави шаҳраки Ҳулбук аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Тоҳир Абуллоеви 16-соларо бо автомашина пахш кардааст.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар натиҷа ноболиғ бар асари ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, худи ҳаминрӯз ронандаи автомашинаи “Тико” Орифҷон Қамаров, сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе – Бохтар – Панҷи Поён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, роҳгузар Билолҷон Абдусамадзодаи 7-соларо пахш мекунад, ки дар натиҷа ноболиғ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ҳалок шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.