Имдодгарон дар як шабонарӯз ҷасади ду касро дар Хоруғу Сангвор аз дарёҳо берун оварданд

Asia-Plus

Имдодгарони Дастаи зудамали наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар ВМКБ шабонарӯзи гузашта ҷасади сокини 17-солаи шаҳри Хоруғро аз дарёи Панҷ берун оварданд.

Тавре маркази матбуоти Кумита хабар медиҳад, аз ин ҳодисаи фоҷеабор сокинони деҳаи Барчиди ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон ба нуқтаи навбатдории Кумита хабар доданд.

Гуфта мешавад, ғаввосон (водолазҳо)-и даста ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷасадро аз рӯдхона берун ва ба хешовандонаш супурданд.

Як рӯз пеш, 22 август дар дарёи Хингов дар қаламрави ноҳияи Сангвор имдодгарон ҷасади сокини 29-солаи ноҳияи Ховалингро, ки ҳангоми обббозӣ ғарқ шудааст, аз дарё берун оварданд.

Бино ба маълумоти КҲФ, тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарё, наҳру дигар обанборҳои кишвар 69 нафар (соли 2020 – 34 нафар) ҳалок шуданд.

Аз ин шумор синни 9 нафар – то 4-сола, 11 нафар – аз 5 то 10-сола, 17 нафар – аз 11 то 16-сола, 17 нафари дигар – аз 17 то 35-сола ва 15 нафар – аз 35 ва синнусоли болотар аз он мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...