Имдодгарон дар як шабонарӯз ҷасади ду касро дар Хоруғу Сангвор аз дарёҳо берун оварданд

Имдодгарони Дастаи зудамали наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар ВМКБ шабонарӯзи гузашта ҷасади сокини 17-солаи шаҳри Хоруғро аз дарёи Панҷ берун оварданд. Тавре маркази матбуоти Кумита хабар медиҳад, аз ин ҳодисаи фоҷеабор сокинони деҳаи Барчиди ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон ба нуқтаи навбатдории Кумита хабар доданд. Гуфта мешавад, ғаввосон (водолазҳо)-и даста ба ҷойи ҳодиса ҳозир […]

Имдодгарони Дастаи зудамали наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар ВМКБ шабонарӯзи гузашта ҷасади сокини 17-солаи шаҳри Хоруғро аз дарёи Панҷ берун оварданд.

Тавре маркази матбуоти Кумита хабар медиҳад, аз ин ҳодисаи фоҷеабор сокинони деҳаи Барчиди ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон ба нуқтаи навбатдории Кумита хабар доданд.

Гуфта мешавад, ғаввосон (водолазҳо)-и даста ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷасадро аз рӯдхона берун ва ба хешовандонаш супурданд.

Як рӯз пеш, 22 август дар дарёи Хингов дар қаламрави ноҳияи Сангвор имдодгарон ҷасади сокини 29-солаи ноҳияи Ховалингро, ки ҳангоми обббозӣ ғарқ шудааст, аз дарё берун оварданд.

Бино ба маълумоти КҲФ, тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарё, наҳру дигар обанборҳои кишвар 69 нафар (соли 2020 – 34 нафар) ҳалок шуданд.

Аз ин шумор синни 9 нафар – то 4-сола, 11 нафар – аз 5 то 10-сола, 17 нафар – аз 11 то 16-сола, 17 нафари дигар – аз 17 то 35-сола ва 15 нафар – аз 35 ва синнусоли болотар аз он мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.