Қотилу таҷовузгари духтараки 9-сола дар Хуросон кист? Тафсилоти ҳодиса

Додситонии вилояти Хатлон бар пайи ҳодисаи таҷовуз ва қатли ноболиғи 9-сола дар ноҳияи Хуросони ин вилоят бар асоси моддаҳои  138 қисми 3 (таҷовуз) ва 104 қисми 2 (куштор)-и Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз кардааст. Гумонбар дар ин ҷиноят Рустам Болтахонов, ки қаблан бо ҷурми куштор дар Федератсияи Русия маҳкум шуда буд, дониста мешавад. Як […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Додситонии вилояти Хатлон бар пайи ҳодисаи таҷовуз ва қатли ноболиғи 9-сола дар ноҳияи Хуросони ин вилоят бар асоси моддаҳои  138 қисми 3 (таҷовуз) ва 104 қисми 2 (куштор)-и Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз кардааст.

Гумонбар дар ин ҷиноят Рустам Болтахонов, ки қаблан бо ҷурми куштор дар Федератсияи Русия маҳкум шуда буд, дониста мешавад.

Як манбаъ дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон ба “АП” хабар дод, ки ҷасади духтараки 9 сола дар деҳаи Меҳнати ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хурсон, шаби 16 ба 17 август бо аломатҳои марги маҷбурӣ ва таҷовуз пайдо шуд.

Ба гуфти манбаъ, дар рафти бурдани корҳои оперативию ҷустуҷуӣ маълум мешавад, ки тахминан соатҳои 12-уми рӯзи 16-уми август, вақте М.Б 9-сола аз роҳ мегзаштааст, Рустам Болтахонов ӯро бо роҳи фиреб ба хонааш дароварда, ба номусаш таҷовуз карда, баъдан бо роҳи буғӣ кардан мекӯшад.

Баъди содир кардани ҷиноят, Болтахонов ҷасади М.Б -ро то вақти торик шудан пинҳон карда, баъдан ба ҷуйбори наздики хонаашон бурда мепартояд.

Наздикони марҳум, баъди чанд дақиқаи бедарак шудани кӯдак ба ҷустуҷӯ шуруъ мекунанд, вале бе натиҷа. Баъдан оиди бедарак шудани кӯдак ба милитсия хабар медиҳанд. Шабона ба гуруҳи ҷустуҷуӣ муясар мешавад, ки ҷасади ноболиғро аз ҷуйбор пайдо кунанд.

Вақте мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ҷасад аломатҳои марги маҷбурӣ ва таҷовузро мушоҳида мекунанд ба ҷустуҷӯйи қотил шуруъ мекунанд.

Ҳангоми ҷустуҷӯ, аз наздикии хонаи Рустам Болтахонов як гӯшвораи ноболиғ ва баъзе чизҳои дигараш пайдо мешавад. Гуруҳи тафтишотиву ҷустҷӯйӣ Рустам Болтахоновро ҳамчун гумонбар пурсиш мекунанд, ки дар аввалин пурсиш ба содир кардани ин ҷиноят иқрор мешавад.

Ба гуфти ин манбаъ, Рустам Болтахонов падари се фарзанд аст, қаблан барои куштор Русия ба муҳлати 7 сол зиндонӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.