“Диссернет” олими дигари тоҷик-шогирди муовини вазири маорифро ба асардуздӣ муттаҳам кард

Asia-Plus

Пойгоҳи тадқиқотии «Диссернет» устоди кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва корманди феълии Бонки миллии кишвар, Аббос Норовро ба асардӯздӣ, дар вақти навиштани рисолаи илмияш маттаҳам кардааст.

Ҳамчунин яке аз Пажуҳишгоҳҳои Академияи илмҳои Русия тавсия додааст, ки Норов аз унвони “номзади илми иқтисод” маҳрум карда шавад. Ин маълумотро пойгоҳи мазкур, имрӯз, 24 августи соли равон нашр кардааст

Ба навиштаи торномаи ин пойгоҳ, Норов Аббос рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Асосҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ коҳиши сатҳи фақр” (дар асосои маводи Ҷумҳурии Тоҷикистон ) (Социально – экономические основы сокращения уровня бедности) бахши зиёди кори худро аз рисолаи илмии Ирина Коновалова “Преодоление бедности: социально-экономическое содержание, фактори и пути  сокращения”, ки соли 2005 дифоъ шудааст, Нуралиев Амрулло “Пути повышения уровня жизни сельского населения: на материалах Республики Таджкистан”, ки соли 2010 дифоъ шудааст ва Елисеева И.И. “Социальная статистика” (2001) рӯйбардор карда, даст ба асардӯздӣ задааст.

Манбаъ менависад, ки дар матни рисола истинод ба кори илмии Нуралиев А. мавҷуд аст, вале ҷобаҷогузории онҳо ба ҳаҷми иқтибосҳо мувофиқат намекунад.

– Аз саҳифаи 22 то 70 матн бо асарҳои дигар олимон пурра мувофиқат мекунад ва танҳо дар баъзе ҷойҳо калимаи “Русия” ба “кишвари мо” ва ё “Тоҷикистон” иваз шудаасту халос,- менависад ин пойгоҳ.

“Диссернет” навиштааст, ки Норов дар 21 саҳифаи рисолаи илмияш аз кори Ирина Коновалова, дар 5 саҳифааш аз кори Елисеева И.И., дар 10 саҳифааш аз “Ҳисоботи таҳлилии “Сиёсати меҳнат дар Тоҷикистон (Душанбе: Ирфон, 2010) ва дар 25 саҳифааш аз кори Нуралиев Амрулло саҳифаҳоеро пурра ва саҳифаеро қисман рӯйбардор кардааст.

Пойгоҳ менависад, ки Норов  26-уми майи соли 2012 рисолаи номзадии худро дар шӯрои дифоъи рисолаҳои назди Донишгоҳи муштараки славянии Тоҷикистону Русия зери роҳбарии Диловар Қодиров – муовини феълии вазири маориф ва илми Тоҷикистон дифоъ кардааст.

Ба навиштаи “Диссернет”, Шӯрои ҳимояи рисолаҳои Д 002.061.01 назди Пажуҳишгоҳи пешгӯиҳои хоҷагии қишлоқи Академияи илмҳои Русия тавсия додааст, ки Аббос  Норов аз унвони номзади илми иқтисод маҳрум карда шавад.

То кунун мавқеи Норов дар мавриди ин таҳқиқи “Диссернет” маълум нест.

Пойгоҳи “Диссернет”як пойгоҳи мустақили таҳқиқотии интернетиест, ки мавридҳои асардуздӣ дар рисолаҳоеро, ки дар КОА-и Русия дифоъ шудаанд, месанҷад.

Ин пойгоҳ дар 3-4 соли охир бештар аз 60 олими тоҷикро дар асардӯздӣ мутаҳҳам кард, аммо дар ин миён танҳо Абдурасул Сангинов, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино кори ин пойгоҳро ноодилона ва нодуруст хонду ба он вокуниши расмӣ кард.

Аммо баъдан пойгоҳи "Диссернет" хабар дод, ки раёсати КОА (ВАК)-и Русия тавсия додааст, ки унвони доктории Сангинов бекор карда шавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...