Номаи дувуми Фарҳод Дарё ба Толибон: “Нишон диҳед, ки ба ростӣ нав шудаед”

Фарҳод Дарё овозхони саршиноси Афғонистон, дар саҳифаи фейсбукаш ба унвони Мулло Абдулғанӣ Бародар раҳбари дафтари сиёсии "Толибон" дар Давҳа номаи саркушода навиштааст. Овозхон аз ҳукумати Толибон дархост кардааст, ки ҳарчӣ зудтар тасмимашонро дар бораи навъи ҳукумат ва қарорҳои дахлдор бо мардум дар миён бигзоранд то онҳо осоиш пайдо карда, ба пурсишҳои беҷавоби худ посух пайдо […]

Фарҳод Дарё овозхони саршиноси Афғонистон, дар саҳифаи фейсбукаш ба унвони Мулло Абдулғанӣ Бародар раҳбари дафтари сиёсии "Толибон" дар Давҳа номаи саркушода навиштааст. Овозхон аз ҳукумати Толибон дархост кардааст, ки ҳарчӣ зудтар тасмимашонро дар бораи навъи ҳукумат ва қарорҳои дахлдор бо мардум дар миён бигзоранд то онҳо осоиш пайдо карда, ба пурсишҳои беҷавоби худ посух пайдо кунанд.

“Мо хуш бошем ё хафа, шумо пас аз гузашти 20 сол, аз озмуни сиёсат пирӯз бадар омадед. Умедворам таъми ширини ин пирӯзӣ коми миллатро талх накунад. Майдони ҷанг, ки баранда надорад ва нахоҳад дошт. Озмуни аслӣ ва бузургтар, аммо ба даст овардани дили мардум аст, ки ҳаргиз роҳи кӯтоҳе набуда.

Муҳтарам, Мулло соҳиб!

Ҳоло як ҳафта аст, ки халои маълумот (холигии иттилоотӣ) ва изтироби ҳазорон саволҳои беҷавоб мисли ханҷар ба гулӯҳои одамон фурӯ рафтааст. Пошхӯрии ҷумҳурӣ метавонад барои ҳамаи мо, аз ҷумла шумо, дарси бузург бошад. Одамон таҷрибаи талх ва маргбор аз пинҳонкориҳои низомҳои гузаштаро доранд. Тасмимҳои худро ҳарчи зудтар бо мардум шарик кунед ва вазоҳати бештар бидиҳед.

Тавзеҳоти ҳар чӣ сареътари шумо – дар сурат хушбинонаи он – мумкин аст аз маргҳои дардангези ҷилави дарвозаҳои майдонҳои ҳавоӣ, суқути фарзандони ҷавони Афғонистон аз боли ҳавопаймоҳо ва фирори ҳазорон тан ҷилавгирӣ кунад. Акнун, ки гуфта мешавад бо тааҳҳуд тозае баргаштаед, нишон диҳед, ки ба ростӣ тағйир кардаед, нав шудаед ва дарсҳои замонро дуруст ёд гирифтаед.

Фаромӯш накунед, ки агар шумо тағйир кардаед, Афғонистон ҳам дигар он кишвар бедасту пойи бист сол пеш нест! Мо ҳадди ақалли ду насли тозанафас донишомӯхта ва ботаҷрибаву майдондида, ошно бо арзишҳои ҷаҳони муосир, насл обдидаи демокрасӣ, аз тамоми ҳуқуқи бунёдии хеш огоҳ ва то ҳадди чашмгире низ занону мардони ба огоҳии сиёсӣ расида дорем, ки қодиранд дар баробари ҷодаҳои яктарафаи сиёсӣ биистанд!

 Шумо бист соли тамом фурсат доштед, ки дар сурати баргашт, барои низоми маврид назар худатон дар Афғонистон омодагӣ бигиред. Бинобар ин, яқин дорем солҳо пеш тасмимӣ худро гирифтаед ва барои ин суолоти миллиюнҳо шаҳрванд, ҷавобе доред:

◾️ Оё озодиҳои фардӣ ва оддитарин ҳуқуқҳои шаҳрвандони Афғонистон дар зери тасаллути шумо, чӣ сарнавиште хоҳанд дошт?

◾️ Саранҷоми ҳуқуқи хоҳарон, модарон ва духтарони мо ба куҷо мекашад? 

◾️ Оё боз ҳам хонанишин хоҳанд шуд? 

◾️ Оё боз ҳам ба беқиматии додхоҳӣ барои ибтидоитарин ҳуқуқи худ, дар баробари чашмони чанд марди ташна ва хашин, дар малои ом сангсор хоҳанд шуд?

 ◾️ Аҳолии ҳунари мусиқӣ дар Афғонистон таҳти салтанати шумо чӣ сарнавиште хоҳанд дошт? 

◾️ Оё боз ҳам дубора фиттаҳо ва созҳо эъдом хоҳанд шуд ва мо бояд интизор кӯч ва оворагии мусиқӣ ва ҳунарманд ба мулкҳои дигар бошем?  Агар мусиқӣ ҳоло ҳам дар назари шумо ҳаром ва зишт аст, пас ин назари худро эълон кунед, то ҳазорон ҳунарманд ва овозхонҳое, ки дар ҳолати изтирор қарор доранд, аз сарнавишти худ огоҳ бошанд.  Агар дар ҳукумат ва низоми шумо барои фаъолияти ҳунарӣ иҷоза ва имкониат надошта бошанд, барои дарёфти пораи нон ва ҳифзи ҷон, ҷойе бираванд, ки ба иззаташон латмае нарасад.

 ◾️ Сарнавишти нерӯҳои амниятӣ, соранволон (додситонҳо -АП), қуззот (қозиҳо, судяҳо -АП) ва кормандони дигари низоми қаблӣ, чӣ хоҳад шуд?  Ҷустуҷӯҳои хона ба хона ба дунболи "афви умумӣ" -и шумо саволбарангезанд.

Овозхон хотирнишон кардааст, ки набудани иттилоот боиси сар задани ҳарҷу марҷҳои чанд рӯзи ахир дар манотиқи Афғонистон, ба вижа фурудгоҳи Кобул шудааст.

"Дар чанд рӯзи охир ба ман аз саросари Афғонистон ҳазорҳо паёми пур аз дард, тарс ва изтироб фиристоданд.  Халои маълумот боис шудааст, ки ҳамарӯза ҳазорон нафар ба хориҷа фирор кунанд ва дар дохили кишвар овора шаванд ва даҳшати мардум ҳар лаҳза меафзояд.  Одамон ташнаи ҷавобҳо ҳастанд ва мехоҳанд бидонанд, чизе ки ҳаққашон аст, бидонанд.  Бо мардум ҳарф бизанед, аз мардум натарсед ва коре кунед, ки мардум аз шумо натарсанд.  Мардумро дӯст доред ва ба онҳо эҳтиром гузоред, то мавриди эҳтироми мардум қарор бигиред.

Нагузоред, ки одамон аз ватан нафрат дошта бошанд!"

Дар охири нома овозхон наштааст:

Беҷавоб мондани номаи аввали ман, муҳим набуд. Номаи имрӯзаи ман, аммо ба сарнавишти миллионҳо инсон бастагӣ дорад!

Дар номаи пештарааш, Фарҳод Дарё, дар рӯзҳои Иди Фитр аз Бародар хоста буд, ки оташбаси серӯзаашонро доимӣ кунанд ва бахушунатҳо дар Афғонистон поён диҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.