“Толибон” муҳофизони Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ҳомид Карзайро халъи силоҳ кардаанд

"Толибон" муҳофизони Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистонро халъи силоҳ кардаанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, пештар аз Абдуллоҳ муҳофизони Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини ин кишварро низ халъи силоҳ карда буданд. Дар ин бора расонаҳои Афғонистон хабар додаанд. Хабаргузории "Қатра" бо нақли қавл аз манобеи гуногуни хабарӣ навиштааст, ки Толибон тамоми муҳофизони давлатии Абдуллоҳ Абдуллоҳро […]

"Толибон" муҳофизони Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистонро халъи силоҳ кардаанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, пештар аз Абдуллоҳ муҳофизони Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини ин кишварро низ халъи силоҳ карда буданд. Дар ин бора расонаҳои Афғонистон хабар додаанд.

Хабаргузории "Қатра" бо нақли қавл аз манобеи гуногуни хабарӣ навиштааст, ки Толибон тамоми муҳофизони давлатии Абдуллоҳ Абдуллоҳро халъи силоҳ кардаанд ва ба ӯ итминон додаанд, ки ба ҷонаш хатаре таҳдид намекунад ва ҷангҷӯёни толиб дар беруни хонааш, дар маҳалли Кортаи Парвони Кобул аз ҷони ӯ муҳофизат хоҳанд кард.

Бархе аз расонаҳои Афғонистон инро ба маънои иҳонати Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз сӯйи Толибон ном бурдаанд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз Кобул ба "Азия-Плюс" гуфт, ки Толибон ҳангоми тасарруфи Кобул дар рӯзи дувум муҳофизони Ҳомид Карзайро низ халъи силоҳ карда буданд ва ӯро бо хонаводааш ба хонаи доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ бурданд, ки то ҳол дар он ҷо мебошад. 

"То ин муддат ба хонаи доктор Абдуллоҳ наомада буданд. Аммо, пареррӯз омаданд, тамоми муҳофизини ӯро халъи силоҳ карданд, танҳо як ду муҳофизи шахсӣ барояш таъин карданду халос. Муҳофизини давру бари хонааш ва гузаргоҳҳои амнияте, ки дар атрофи хонааш буд, ҳамаро ҷамъ карданд",-мегӯяд ин манбаъ.

Аммо то кунун ҳеч манбаъи расмии Толибон дар ин бора изҳори назар накардааст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Ҳомид Карзай ва Гулбиддин Ҳикматёр пас аз суқути Кобул ба дасти Толибон эълон карданд, ки Шӯрои ҳамоҳангсозии интиқоли мусолиматомези қудратро ташкил кардаанд ва барои эҷоди ташкили як ҳукумати фарогир бо раҳбарони Толибон гуфтугӯ мекунанд.

То ин вақт хабарҳои зиёде аз диду водиди Абдуллоҳ бо раҳбарони Толибон расонаӣ шуд, аммо зоҳиран ин дидорҳо натиҷаи хосе надоштаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.