Мулоқоти махфиёнаи роҳбари Толибон ба раиси Созмони ҷосусии Амрико дар Кобул

"Вошингтан пост" аз як мулоқоти махфиёнаи раиси Созмони ҷосусии Амрико – CIA (ЦРУ) Вилям Бернз бо Мулло Ғанӣ Бародар муовини сиёсии Толибон ва болотарин мақоми ин гурӯҳ, дар Кобул, хабар дод. Ин хабар дар расонаҳои Афғонистон, доираҳои сиёсиву коршиносӣ ва шабакаҳои иҷтимоии Афғонистон вокунишбарангез шуд. Сафари маҳрамонаи Бернз ба Кобул, рӯзи 23-юми август сурат гирифтааст.  "Вошингтан пост" ин […]

Asia-Plus

"Вошингтан пост" аз як мулоқоти махфиёнаи раиси Созмони ҷосусии Амрико – CIA (ЦРУ) Вилям Бернз бо Мулло Ғанӣ Бародар муовини сиёсии Толибон ва болотарин мақоми ин гурӯҳ, дар Кобул, хабар дод. Ин хабар дар расонаҳои Афғонистон, доираҳои сиёсиву коршиносӣ ва шабакаҳои иҷтимоии Афғонистон вокунишбарангез шуд.

Сафари маҳрамонаи Бернз ба Кобул, рӯзи 23-юми август сурат гирифтааст. 

"Вошингтан пост" ин мулоқотро болотарин сатҳи мулоқоти дипломатӣ миёни шахсе аз кобинаи Ҷо Байден ва бо роҳбари Толибон пас аз тасаллути ин гурӯҳ бар Кобул, ном бурдааст.

Ин нашрияи амрикоӣ эҳтимол додааст, ки шояд талошҳои ИМА барои берун кардани кормандони афғонистонии худ дар муҳлати эълоншудаи хуруҷи неруҳояш аз Афғонистон, мавзуъи дидори раиси CIA  бо Бародар будааст.

Раҳбарии давлати ИМА ва CIA  то кунун ба ин гузориши "Вошингтан пост" вокунише накардааст. 

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи Толибон,  имрӯз дар нишасти хабарияш дар Кобул гуфт, "мулоқоти Мулло Ғанӣ Бародарро бо раиси Созмони ҷосусии Амрико наметавонад таъйид кунад". 

Мулло Абдул Ғанӣ Бародар, ки аз бунёдгузорони Толибон аст, 11 сол пеш тавассути CIA боздошт шуд ва 8 сол дар зиндон буд. Соли 2018 аз зиндон раҳо ва раиси дафтари сиёсии Толибон дар Қатар гумошта шуд, ки ин дафтар бо ИМА як мувофиқатнома имзо кард.

Аммо бархе сиёсатмадорони Афғонистон ҳадс задаанд, ки шояд дар ин мулоқот мавзуъи тамдид кардани ҳузури низомиёни Амрико дар Афғонистон баҳс шуда бошад. Зеро Байден гуфта буд, ки ИМА то 31-уми август тамоми неруҳояшро аз Афғонистон берун мекунад.

Аммо ҳукумати Байден аз сӯйи муттаҳидони ғарбияш, аз ҷумла Бритониёи Кабир ба шиддат таҳти фишор аст, ки ин муҳлат тамдид шавад. 

Худи CIA аз шарҳи ин мулоқот барои "Вошингтан пост" худдорӣ кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.