Дар Тоҷикистон ҳудуди 1,9 млн нафар ваксина гирифтанд

Ба ҳолати то 23 август дар Тоҷикистон 1 млн 891 ҳазору 850 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд. Бино ба иттилои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, инчунин воя (доза)-и дуюми ваксинаро то санаи зикргардида беш аз 363 ҳазору 895 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд. Вазорат ёдрас мекунад, ки аз давраи хуруҷи бемории коронавирус […]

Ба ҳолати то 23 август дар Тоҷикистон 1 млн 891 ҳазору 850 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, инчунин воя (доза)-и дуюми ваксинаро то санаи зикргардида беш аз 363 ҳазору 895 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Вазорат ёдрас мекунад, ки аз давраи хуруҷи бемории коронавирус 4 млн 160 ҳазору 740 воя ваксина вориди қаламрави кишвар гардонида шуда, иқдомоти амалӣ дар ин самт идома доранд.

Зикр мегардад, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявиии муқовимат бо паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон, ки санаи 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад.

Гуфта мешавад, нафароне, ки ваксина нагирифтаанд, бояд ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

Имрӯз дар Тоҷикистон барои эмкунии шаҳрвандон аз ваксинаҳои зерин истифода мешавад: "Спутник V"-и Русия, Sinovac-CoronaVac-и Чин, AstraZeneca-и аз ҷониби Шветсия пешниҳодшуда (ба Vaxzevria табдили ном кард) ва Moderna-и ИМА.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.