Иштироки 80 варзишгари тоҷик дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Аз 4 то 11 сентябри соли равон дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ баргузор мешавад, ки дар он 80 варзишгари тоҷик  аз рӯи 12 намуди варзиш ширкат менамоянд. Дар ин бора, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки дар бозиҳо иштироки 1500 варзишгар аз 10 кишвар дар назар аст: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон, Туркменистон ва Ӯзбекистон.

– Дар Бозиҳои аввалини кишварҳои ИДМ варзишгарон барои 184 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 16 намуди варзиш талош мекунанд: бадминтон, баскетбол (3х3), бокс, гуштини камарбандӣ, ҷудо, каратэ, кураш, тенниси рӯи миз, тирпаронӣ, тирпаронии қурс, самбо, гуштини варзишӣ, камонварӣ, муайтай, рақси варзишӣ, футзал ва гимнастикаи бадеӣ. Синни иштирокчиён аз 14 то 23 муайян шудааст, – менависад сомонаи КМО.

Қарор оид ба баргузор кардани Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон 25 октябри соли 2019 қабул шуд ва он бояд соли 2020 доир мегашт. Аммо бо сабаби пандемияи коронавирус вақти он тағйир ёфт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...