Мусоҳибаи Ато: Аз шикасти Балх то эътирофи Амруллоҳ Солеҳ ҳамчун президенти Афғонистон

Date:

Волии пешини Балх ва яке аз шахситяҳои таъсиргузор дар сиёсати пешини Афғонистон Ато Муҳаммади Нур дар мусоҳибаи видеоии худ бо “ББС” дар бораи баъзе нуқтаҳои калидӣ оид ба суқути низом дар Афғонистон суҳбат намудааст.

Ӯ, ки аз шаҳри Дубай бо “ББС” суҳбат мекард, аз ҷумла гуфт, ки сенарияи суқути Афғонистон ва тасарруфи “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон маманӯъ) аз имзои Давҳа шурӯъ мешавад.

“Таблиғоти ҳамоҳанг, санҷидашуда, муназзам аз тариқи коршиносони ғарбӣ ва нашрияҳо ва хабаргузории муътабари Ғарб нишонаи он буд, ки як сенарияи танзимшуда аст ва пушти он дӯстони стратегии қавии Афғонистон қарор дошт ва маълум буд ки “Толибон” меоянду Кобулро мегиранду ҳукуматеро ташкил медиҳанд”,- гуфт вай.

Ато Муҳаммад гуфт, ки аз ҷониби раисиҷумҳури пешини Афғонистон ва Шӯрои амнияти ин кишвар фармонӣ таслим шудани ҷанг ба сарбозон дода шуд.

Вай ҳамчунин, хабарҳоро дар бораи он, ки нерӯҳои вижаи Афғонистон ӯро аз Афғонистон берун оварданд, рад кард ва гуфт, ки онҳо худашон пештар аз кишвар фирор карда буданд.

“Ман охирин нафаре будам, ки аз шаҳри Мазори Шариф фирор кардам”,- гуфт Ато Муҳаммади Нур.

Мусоҳибаи муфассалро инҷо бубуинед:

МЕДИА (IFRAME)

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...