Тоҷикистон ба яке аз шаҳидони даргириҳои марзӣ бо Қирғизистон ордени “Спитамен II” дод

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлол ба Ҷасур Сиярқулов, прапоршики ҷавон, ки охири моҳи апрели имсол дар даргириҳои марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон кушта шуд пас аз марг ордени Спитамен дараҷаи II дод. Ҳамчунин гуфта мешавад, тасмим гирифта шудааст, ки гузаре дар ҷамоати Ғазантараки ноҳияи Деваштич ба номи Ҷасур Сиярқулов номгузорӣ шавад

Нормат Сиярқулов, падари Ҷасур Сиярқулови ҷавонмарг, аз ин тасми ба “Азия-Плюс” хабар дод ва гуфт, рӯзи якшанбеи 5-уми сентябр,  ордени Спитамен дараҷаи II-ро, ки бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба писараш дода шудааст, дар як вазъияти тантанавӣ дар Душанбе Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон тақдим кард.

Ҷасур Сиярқулов прапоршики 28-сола, бегоҳии рӯзи 29-уми апрели имсол дар даргирии марзии Тоҷикистону Қирғизистон, дар хатти марзи ҷамоати Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми адои вазифаи хидматӣ кушта шуд. Ӯ аз ҷамоати Ғазантарак, деҳаи Қалъачаи Азими ноҳияи Деваштич буда, ба гуфтаи падараш, баъди адои хидмати ҳарбӣ  аз соли 2017 аввал дар қисми ҳарбии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, баъдан дар ноҳияи Панҷ ва расо як сол пеш аз маргаш, моҳи апрели соли 2020 ба қисми ҳарбии деҳаи Овчи-Қалъача ба ҳайси прапоршик ба кор омада буд.

“Писарам бегоҳии 29-уми апрел дар задухӯрди миёни тоҷикону қирғизҳо аз тири нохалафе, ки ба пешонияш расидааст ба ҳалокат расид. Ӯ аз хурдӣ  орзуи корманди ҳарбӣ шуданро дошт, баъди чанд соли муҳоҷирӣ ба ҳамин мақсадаш ҳам расид. Ҳарчанд ҷавон рафт, вале ҷасорату мардонгияшро имрӯз бо ордени Спитамен дараҷаи 2 қадр карданд, ки  шод шудем”, -мегӯяд падари ин шаҳиди ватан.

Мақомоти малаҳалии ноҳияи Деваштич мегӯяд, дар рӯзи таҷлили ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон гузареро дар деҳаи Қалъачаи Азим ба номи Ҷасур Сиярқулов номгузорӣ мекунад. Холбӯта Рӯзиматов, раиси ҷамоати Ғазантараки ин ноҳия ба “Азия-Плюс” гуфт, кӯча, ки ҳудуди 50 хоҷагӣ дорад ва номгузории кӯча ба хотири прапоршик ташаббуси худи ҳукумати маҳаллӣ буда, 8-уми сентябр бо баргузории як чорабинии хосе сурат мегирад, ки ҳоло барои он омодагӣ мебинанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, дар муноқишаи рӯзҳои 28-29-уми апрел аз Тоҷикистон 19 нафар ҳалок шуда, 87 каси дигар захмӣ шуданд. Аксари қурбониён аз ҷамоати Чоркӯҳ ва Ворухи Исфара буда, як нафарии дигар аз ноҳияҳои Деваштич, Бобоҷон Ғафуров, Нуробод, Фархор, Турсунзода, Ховалинг ва Мӯъминобод мебошанд, ки қаблан ҳукумати вилояти Суғд эълом карда буд, ки дар умум ба хонаводаҳои кушташудагон ва захмиён аз ҷониби ҳукумат 3 миллион сомонӣ кӯмаки пулӣ дода шуд.

Ҳоло Ҷасур Сиярқулов ягона ҷавони қурбони ин муноқиша аст, ки бо ордени Спитамен дараҷаи 2 қадр карда шудааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...