Маркази Душанбе ду рӯз пурра баста мешавад. Ҳам барои нақлиёту ҳам барои пиёдагардон

Пагоҳ аз соати чори субҳ ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон ба ҳамаи роҳҳои самти маркази Душанбе манъ мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории пойтахт. Субҳи 7 сентябр дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахт ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гузашти низомии қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе доир мегардад. Зиёда аз 15 […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Пагоҳ аз соати чори субҳ ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон ба ҳамаи роҳҳои самти маркази Душанбе манъ мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории пойтахт.

Субҳи 7 сентябр дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахт ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гузашти низомии қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе доир мегардад.

Зиёда аз 15 ҳазор сарбозону афсарони тоҷик саф ороста, аз назди президент Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони воломақом ботантана қадамзанӣ мекунанд.

Бино ба иттилои манбаъ, субҳи 9 сентябр дар майдони “Дӯстӣ” раҳпаймоиии сокинони шаҳр баргузор мешавад, ки дар он зиёда аз 45 ҳазор сокинони пойтахт ширкат меварзанд.

Шоми ҳамин рӯз дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявии Душанбе бахшида ба солгарди ҷашни Истиқлолият бо иштироки ҳудуди 20 ҳазор нафар намоиши театришуда баргузор мешавад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросимҳои раҳпаймоии идона ва намоиши театришуда низ иштирок хоҳад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.