Шаҳрдорӣ: Тайи 16 рӯзи ахир дар пойтахт ягон ҳолати сироят аз COVID-19 сабт нашудааст

Шуруъ аз 29-уми августи соли равон дар шаҳри Душанбе ягон ҳолати сироятёбии шаҳрвандон аз бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, тамоми муассисаҳои тиббие, ки беморони коронавирусро табобат мекарданд, ба фаъолияти муқаррарӣ оғоз намудаанд. Аз оғози пандемия дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 17 ҳазору 84 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус сабт шуда, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Шуруъ аз 29-уми августи соли равон дар шаҳри Душанбе ягон ҳолати сироятёбии шаҳрвандон аз бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, тамоми муассисаҳои тиббие, ки беморони коронавирусро табобат мекарданд, ба фаъолияти муқаррарӣ оғоз намудаанд.

Аз оғози пандемия дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 17 ҳазору 84 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус сабт шуда, то имрӯз 16 ҳазору 953 нафари онҳо аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Шумори умумии фавтидагон аз ин беморӣ 124 нафарро ташкил медиҳад.

Ин омори расмӣ буда, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, шумори сироятёфтагони фавтидагон хеле зиёдтар арзёбӣ мешавад.

Аз охири моҳи март то ба имрӯз ба Тоҷикистон 4 млн 861 ҳазору 540 воя (доза)-и ваксинаи идди коронавирус оварда шудааст.

Ба ҳолати 13 сентябри соли ҷорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон 2 млн 168 ҳазору 537 нафар (37,2%) нафар шаҳрвандони синни аз 18-сола болои мамлакат ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд.

Инчунин воя (доза)-и дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 1 млн 278 ҳазору 240 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Гуфта мешавад, ба ҳолати 12 сентябри соли ҷорӣ 606 ҳазору 885 нафар аз сокинони шаҳри Душанбе (97,0%) бо вояи якум ва 390 ҳазору 416 нафар (62,4%) бо вояи дуюми ваксина фаро гирифта шудаанд ва ваксинагузаронии сокинони пойтахт бо маром идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.