ВКХ Ӯзбекистон: “Афғонҳои ғайриқонунӣ марзро гузашта ба кишвари сеюм бурда шуданд”

Ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони мулкии Афғонистон, ки ғайриқонунӣ ба қаламрави Ӯзбекистон ворид шуда буданд, рӯзҳои 12 ва 13 сентябр ба кишвари сеюм бурда шуданд, хабар додааст ба “Фергана” намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон Юсуф Кобулҷонов. “Бар асари рӯйдодҳои маълум дар Афғонистон, як гурӯҳ собиқ хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳолии осоиштаи Афғонистон сарҳади давлатии Ӯзбекистонро […]

Asia-Plus

Ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони мулкии Афғонистон, ки ғайриқонунӣ ба қаламрави Ӯзбекистон ворид шуда буданд, рӯзҳои 12 ва 13 сентябр ба кишвари сеюм бурда шуданд, хабар додааст ба “Фергана” намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон Юсуф Кобулҷонов.

“Бар асари рӯйдодҳои маълум дар Афғонистон, як гурӯҳ собиқ хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳолии осоиштаи Афғонистон сарҳади давлатии Ӯзбекистонро ғайриқонунӣ убур намуда, боздошт шуда буданд.

Рӯзҳои 12-13 сентябр ҳамаи шаҳрвандони афғони дар қаламрави Ӯзбекистон қарордошта ба дигар кишвар кӯчонида шуданд”, -гуфтааст ӯ тариқи телефон.

Лекин дар бораи шумори афғонҳои кӯчонидашуда ва ба кадом кишвар интиқол дода шудани онҳо намояндаи ВКХ маълумоти саҳеҳ надодааст.

Қаблан зикр гардида буд ки дар урдугоҳ (лагер)-и наздикии Тирмиз тақрибан 500 халабон (лётчик)-и афғон ва оилаҳои онҳо ба сар мебаранд. Ҳамаи онҳо дар рӯзҳои охир ва ҳатто соатҳои қабл аз тасарруфи қудрат дар кишвар аз ҷониби ҳаракати тундгарои Толибон пойгоҳҳои ҳавоии Кобул ва Мазори Шарифро бо техникаи низомӣ тарк карда, ба Ӯзбекистон омаданд.

Бо вуҷуди эълони авф аз ҷониби Толибон барои низомиёни собиқ артиши ҳукумати Афғонистон, халабонҳо ва хешовандони онҳо аз бозгашт ба Афғонистон тарсу ҳарос доштанд.

Бино ба маълумоти баъзе хабаргузориҳо, ИМА тасмим гирифтааст афғонҳоро ба яке аз пойгоҳҳои низомии худ барад. Яке аз ин ҷойҳо пойгоҳ дар пойтахти Қатар Давҳа номида мешавад.

Мувофиқи фарзияи дигар, ин макон пойгоҳи мустақар дар Амороти Муттаҳидаи Араб зикр шудааст.

Ҳамзамон, сарнавишти даҳҳо воҳиди техникаи авиатсионӣ, ки халабонҳои афғон тариқи онҳо кишварашонро тарк кардаанд, номаълум боқӣ мемонад. Ба гуфтаи рӯзноманигорон, аз 160 ҳавопаймои собиқ нирӯҳои ҳавоии Афғонистон 46-тоаш дар Ӯзбекистон будааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.