Сироҷиддин Муҳриддин дар СММ: Ба Панҷшер кӯмак кунед

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз Созмони Миллати Муттаҳид (СММ) ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дархост кардааст, ки ҷиҳати расонидани ёрии башардӯстона ба мардуми Панҷшер мусоидат кунанд. Дар ин бора дафтари матбуотии ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Сироҷиддин Муҳриддин барои ширкат дар иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ дар […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз Созмони Миллати Муттаҳид (СММ) ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дархост кардааст, ки ҷиҳати расонидани ёрии башардӯстона ба мардуми Панҷшер мусоидат кунанд. Дар ин бора дафтари матбуотии ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Сироҷиддин Муҳриддин барои ширкат дар иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ дар шаҳри Ню Йорк қарор доранд.

Сомонаи ВКХ менависад, ки 21 сентябри 2021 Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ дар “Муколамаи сатҳи баланд оид ба таъмини амнияти мардуми Афғонистон, ба вежа занон ва духтарон дар Афғонистон ва минтақа”, ки бо даъвати Канслери Австрия Себастиан Куртс дар ҳошияи иҷлоси 76-уми СММ баргузор гардид, ба аҳволи вазнини мардум дар вилояти Панҷшери Афғонистон таъкид намуд.

Ӯ гуфтааст, дар ин минтақа “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) на танҳо ба ҳуқуқвайронкунӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон, балки ба зулму шиканҷаи мардум машғуланд

– Ба ҳозирин мавқеи Тоҷикистонро дар робита ба қазияи Афғонистон тавзеҳ дода, ба аҳаммияти расонидани кӯмаки фаврии башардӯстона ба мардуми Афғонистон ва таъмини ҳуқуқи занону духтарон ба таҳсил, инчунин ташкили ҳукумати фарогир бо ширкати васеи ҳамаи қавму гурӯҳҳои этникӣ, бахусус тоҷикон, ки 46 фоизи аҳолии он кишварро ташкил медиҳанд, таъкид гардид, – менависад сомонаи ВКХ.

Мавсуф аз кишварҳои таъсиргузор ва созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал овард, ки ҳарчи зудтар садди роҳи ин зулму шиканҷа ва беқонуниву беназмиро гиранд ва дар кушодани роҳҳо ҷиҳати расонидани ёрии башардӯстона ба мардуми Панҷшер ва дигар минтақаҳои Афғонистон мусоидат кунанд.

Сироҷиддин Муҳриддин, дирӯз, 21 сентябр, ҳамчунин, зимни мулоқот бо Президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх Петер Маурер зарурати ҳарчи зудтар расонидани ёрии фаврии башардӯстонаро аз ҷониби ин ниҳоди байналмилалӣ ба мардуми Афғонистон, бахусус сокинони водии Панҷшер таъкид кардааст.

Ёдовар мешавем, ки кори иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ ҳар сол сешанбеи сеюми моҳи сентябр бо суханрониҳои Дабири кулли СММ, Президенти иҷлоси 76-уми СММ ва роҳбарони давлатҳои Бразилия ва ИМА ба кори худ оғоз карда, то моҳи сентябри соли оянда идома меёбад.

Дар назар аст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам перомуни мавзӯъҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ва роҳҳалҳои он ба таври онлайнӣ суханронӣ намояд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.