Додситон ба Иззат Амон 9 соли зиндон талаб кард

Рӯзи 27 сентябри соли равон айбдоркунандаи давлатӣ ба роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия Иззат Амон 9 соли зиндон талаб кардааст. Дар ин бора, вакили дифои Иззат Амон – Саидбурҳон Шарифов ба “Азия – Плюс” хабар дод. Мавсуф гуфт, дархости додситон ба он асоснок карда шуд, ки онҳо […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Рӯзи 27 сентябри соли равон айбдоркунандаи давлатӣ ба роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия Иззат Амон 9 соли зиндон талаб кардааст. Дар ин бора, вакили дифои Иззат Амон – Саидбурҳон Шарифов ба “Азия – Плюс” хабар дод.

Мавсуф гуфт, дархости додситон ба он асоснок карда шуд, ки онҳо натавонистанд, ҷабрдидаи охиринро дарёфт ва маблағи зарарро пардохт кунанд.

– Азбаски ҷабридидаҳои мо дар ноҳияи Ҷайҳун зиндагӣ мекунанд, мо натавонистем, онҳоро пайдо кунем. Ҳарчанд маблағи зарар он қадар зиёд нест. Ҳатто пайвандонаш ҳам ҳозир нашуданд, ки дар суд ширкат кунанд. Бинобар ин, як нафар ҳам бошад зарар барқарорношуда ҳисоб меёбад. Баъди талаби додситон мо дар филиали “Амонатбонк” ба номи ҷабрдида суратҳисоб кушодем ва маблағи зарарро ба суратҳиосб гузаронида, расидашро ба суд пешниҳод кардем, – гуфт Саидбурҳон Шарипов.

Ба гуфтаи мавсуф баъди дар суратҳисоб ҷой кардани маблағ акнун, ҳамаи зарар пурра барқарор шуд ва ба наздикӣ сухани охиринро додгоҳ мегӯяд.

– Мо ариза пешниҳод кардем, ки бинобар талофӣ шудани зарар нисбати зерҳимояи ман қонуни авф татбиқ шавад. Вале додгоҳ аризаи моро ба эътибор нагирифт. Гуфтанд, зарарро худи ҷабрдида бояд бигирад, ки пагоҳ даъвои дуввумбора накунад. Аз ин рӯ, то пешниҳод кардани расиди суратҳисоб, суд танаффус эълон кард,- шарҳ дод вакили дифоъ.

Рӯзи 24 сентябр Саидбурҳон Шарифов ба Азия – Плюс гуфта буд, ки аз ҳаҷми умумии зарар танҳо 12,5 ҳазор сомонии дигар боқӣ мондааст ва баъди пардохт кардан, Иззат Амон барои татбиқи қонуни авф нисбаташ ариза пешниҳод мекунад. Вале ӯ гуфта буд, ки дар пайдо кардани ҷабрдидагон мушкилӣ пеш омадааст.

Аз ин пештар, вакили дифои Иззат Амон изҳори умедворӣ намуда буд, ки бо эълони афв ба муносибати 30-солагии Истиқлол парвандаи Иззат Амон шомили афв мешавад. Ба гуфтаи ӯ, Иззат шонси сад дарсадии афв шуданро дорад.

Иззат Амон, роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия рӯзи 25-уми март дар Русия нопадид шуд ва баъдан ВКД Тоҷикистон гуфт ӯро дар Душанбе боздошт ва алайҳи ӯ бо гумони "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардааст.

Ба иттилои Додситони кулли кишвар, чанд нафар даъво кардаанд, ки гӯё Иззат Амон онҳоро дар Русия фиреб додааст. Шариф Қурбонзода, сардори Раёсати Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буд, “ҳаҷми умумии зарари расида ба 12 нафар 630 ҳазор рубли русӣ ва 1000 доллари амрикоиро дар бар мегирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.