Чаро дар Тоҷикистон орд қимат мешавад?

Суръати болоравии нархи орд, ки маҳсулоти аввалиндараҷаи ғизоӣ барои сокинони Тоҷикистон маҳсуб меёбад, тайи рӯзҳои ахир афзуд. Гап сари чист? Айни замон нархи чаканаи халтаи 50-килоии орди навъи якум дар бозорҳои Душанбе ва ноҳияҳои гирду атрофи он 260-265 сомонӣ (23-23,4 доллар)-ро вобаста ба кишвари истеҳсолкунанда ташкил медиҳад. Ҳамагӣ як ҳафта пеш як халтаи ин навъи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Суръати болоравии нархи орд, ки маҳсулоти аввалиндараҷаи ғизоӣ барои сокинони Тоҷикистон маҳсуб меёбад, тайи рӯзҳои ахир афзуд.

Гап сари чист?

Айни замон нархи чаканаи халтаи 50-килоии орди навъи якум дар бозорҳои Душанбе ва ноҳияҳои гирду атрофи он 260-265 сомонӣ (23-23,4 доллар)-ро вобаста ба кишвари истеҳсолкунанда ташкил медиҳад.

Ҳамагӣ як ҳафта пеш як халтаи ин навъи орд 240-250 сомонӣ нарх дошт.

Нархи ин маҳсулот дар минтақаҳо низ вобаста ба дур будани онҳо аз қисми марказӣ ва шимоли ҷумҳурӣ меафзояд. Дар дурдасттарин ноҳияҳои кишвар як халта орд бо ин вазн ва навъи дар боло зикршуда аллакай ба 290-300 сомонӣ мерасад.

Нархи чаканаи орди гандумӣ, тибқи омори расмӣ, ҳатто дар моҳҳои январ-июли имсол ҳатто каме ба андозаи 6% коҳиш ёфта буд.

Мақомот даъват мекунанд, ки нарх боло бурда нашавад

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурӣ болоравии нархи ордро ба қиматшавии гандум дар Қазоқистон, ки ин маҳсулотро Тоҷикистон аз ҳамин кишвар ворид мекунад, нисбат медиҳад.

Сардори Хадамот Абдулмаҷид Муминзода ин масъаларо чанде пеш бо истеҳсолкунандагони орд дар Хуҷанд, ки аксарияти корхонаву коргоҳҳои ордбарорӣ дар ин ҷо фаъолият доранд, баррасӣ кард.

Муминзода аз истеҳсолкунандагон даъват намуд, ки ба болоравии беасоси нархҳо роҳ надода, ба таъмини бозори дохилии кишвар бо орд, ки ӯ онро маҳсулоти ниёзи аввалия медонад, мусоидат кунанд.

Тибқи омори расмӣ, дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 30 ҳазор тонна орд ва 608 ҳазор тонна гандум ворид карда шудааст. Воридоти орд ба андозаи 50% коҳиш ёфта, воридоти гандум бошад, баръакс 6,7% афзоиш ёфтааст. Ҳам орд ва ҳам гандум қариб пурра аз Қазоқистон оварда мешаванд.

Дар дохили Тоҷикистон давоми 8 моҳи соли ҷорӣ 487 ҳазор тонна орд (аз ғалладона ва дигар зироатҳои растанӣ) истеҳсол шудааст, ки 2,4% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Ҷамъоварии солонаи ғалла дар ҷумҳурӣ беш аз 1,5 млн тоннаро ташкил медиҳад, ки тақрибан 900 ҳазор тоннааш ба гандум рост меояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.