Арзиши “иҷоза”-и боркашонӣ дар Тоҷикистон поин рафт, лекин на то сатҳи қонунӣ

Ронандагони мошинҳои боркаш мегӯянд, акнун он на 400, балки 60 доллар нарх дорад, ки ин ҳам 8 баробар аз арзиши расмии он болотар аст. Арзиши иҷоза барои интиқоли борҳои байналмилалӣ пас аз гирдиҳамоии ронандагони мошинҳои боркаш дар назди бинои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 7 маротиба кам карда шуд. Хадамоти масъули додани ҳуҷҷатҳо пешниҳоди далелҳои коррупсиониро талаб […]

Ронандагони мошинҳои боркаш мегӯянд, акнун он на 400, балки 60 доллар нарх дорад, ки ин ҳам 8 баробар аз арзиши расмии он болотар аст.

Арзиши иҷоза барои интиқоли борҳои байналмилалӣ пас аз гирдиҳамоии ронандагони мошинҳои боркаш дар назди бинои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 7 маротиба кам карда шуд. Хадамоти масъули додани ҳуҷҷатҳо пешниҳоди далелҳои коррупсиониро талаб мекунад.

Иҷоза (жаргон) як ҳуҷҷати дуҷонибаи иҷозатдиҳӣ мебошад, ки ба ронанда ҳуқуқи интиқоли мол аз кишвари дигарро медиҳад.

Ронандагони мошинҳои бузургҳаҷми боркаш (фураҳо) ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки “иҷоза”-ро ба онҳо то моҳи сентябр бо нархи 60 доллар фурӯхта, сипас то 400 доллар боло бурданд, ҳарчанд дар Вазорати нақлиёт изҳор мекунанд, ки ин ҳуҷҷат дар асл ҳамагӣ 84 сомонӣ (7,5 доллар) нарх дорад.

Ба гуфтаи ронандаи мошини боркаш Абдуҳамид Собиров, ки аз Ӯзбекистони ҳамсоя ба ҷумҳурӣ молу маҳсулот меорад, пас аз вохӯрӣ бо роҳбарияти Вазорати нақлиёт арзиши иҷоза ба сатҳи пешинааш баргардонида шуд, аммо он то ҳол 8 маротиба аз таърифаи (тариф)- расмӣ болотар аст.

Ба гуфтаи ронандагони мошинҳои боркаш, нархҳои баланди беасос дар ниҳояти кор ба дӯши истеъмолкунандагон вогузор мешаванд.

«Болоравии арзиши аслии ҳама гуна маҳсулот ногузир ба зиёдшавии нархи ниҳоии чаканаи ин ё он молу маҳсулот боис мегардад, зеро хароҷоти интиқоли бор боло меравад. Ҳамин тавр, он на ба даромади таъминкунандагон, балки ба кисаи истеъмолкунандагон таъсир мерасонад. Агар даромади зарурӣ гирифта нашавад, касе ба ин ё он тиҷорат машғул нахоҳад шуд », – афзуд Собиров.

Ба гуфтаи Абдуҳамид Собиров, ронандагон дар нақша доранд, ки нархро то сатҳи қонунӣ бирасонанд, аммо чӣ гуна – ӯ мушаххасан маълумот надод.

Хадамот: Бо далел биёед

Ин ҳуҷҷат аз ҷониби як воҳиди Вазорати нақлиёт – Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо муроҷиати боркашон тавассути ширкатҳои логистикӣ дода мешавад.

Дар Хадамот ба “Азия-Плюс” шарҳ доданд, ки чунин ҳуҷҷатҳо бо миқдори муайян охири ҳар сол омода гардида, бо кишварҳои шарики тиҷорат мувофиқа карда мешаванд.

Хадамот бо Ӯзбекистон бо назардошти ҳаҷми боркашонӣ дар соли 2020,  8,5 ҳазор ҳуҷҷат мувофиқа карда, аммо бо авҷ гирифтани фаъолияти иқтисодӣ дар соли ҷорӣ, ин миқдор танҳо то охири моҳи август кифоя кард.

«Аввали моҳи сентябр, вақте ки Хадамот бо ҷониби Ӯзбекистон дар ҳолати омодасозии иҷозатномаҳои иловагӣ қарор дошт, ин ҳуҷҷат муваққатан мавҷуд набуд ва бесарусомонӣ сар шуд. Шояд касе аз фурсат истифода бурда, онро дар ҷое бо нархҳои баланд фурӯхт, аммо мо ин чунин далелҳо наёфтем», – гуфт манбаъ.

Ӯ зикр кард, ки иҷозатнома барои барои ҳамлу нақли бор аз ҷониби Хадамот бо муроҷиати ширкатҳои боркашонӣ бо нархи расмии 84 сомонӣ (7,5 доллар) дода мешуд ва мешавад.

Зикр шуд, ки онҳо наметавонанд бидонанд, ки ронандагон ин ҳуҷҷатро аз роҳбарияти ширкатҳо барои интиқоли молашон бо кадом нарх гирифтаанд ва мегиранд.

Вай идома дод, ки пас аз гирдиҳамоии ронандагон дар назди бинои Вазорати нақлиёт, дар ҷараёни мурофиаи серӯза, муайян кардан имкон надошт, ки маҳз кӣ иҷозатро бо нархҳои баланд гирифтааст.

"Ҳеҷ як ронанда натавонист ба мо дар  ҳақиқат исбот кунад, ки онҳо бо нархи баланд иҷозатнома гирифтаанд", – гуфт манбаъ.

Дар Хадамот таъкид доштанд, ки бо Ӯзбекистон беш аз 5 ҳазор иҷозатномаи иловагӣ мувофиқа карда шудааст, ки ин то охири сол кофӣ аст.

Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки минбаъд дар сурати амалҳои ғайриқонунӣ нисбати онҳо, ҳама далелҳоро маҳфуз доранд, то ки ба гунаҳкорон ҷазо дода шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.