Бар асари бархӯрди мошинҳо дар роҳи Душанбе – Ваҳдат 1 мард ҳалок шуд

Date:

Ҳодиса қарибиҳои субҳи имрӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ рух дода, микроавтобус ба КАМАЗ бархӯрдааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, бар асари садамаи нақлиёт сокини 57-солаи ноҳияи Ёвон ба ҳалокат расида, 8 кас ҷароҳат бардоштаанд.

“Соати 03:29 дақиқа дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ, дар роҳи Душанбе – Ваҳдат садамаи нақлиёт рух дод, – хабар дод вай. – Ронандаи микроавтобуси “Старекс”, ки ба Душанбе равона буд, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи КАМАЗ бармехӯрад”.

Имдодгарони КҲФ дар ҳамдастӣ бо кормандони БДА 9 нафар мусофиронро аз дохили автомашинаи “Старекс” берун бароварда, ба бемористони “Истиқлол”-и пойтахт интиқол доданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...