Бар асари бархӯрди мошинҳо дар роҳи Душанбе – Ваҳдат 1 мард ҳалок шуд

Ҳодиса қарибиҳои субҳи имрӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ рух дода, микроавтобус ба КАМАЗ бархӯрдааст. Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, бар асари садамаи нақлиёт сокини 57-солаи ноҳияи Ёвон ба ҳалокат расида, 8 кас ҷароҳат бардоштаанд. “Соати 03:29 дақиқа дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ, дар роҳи Душанбе – Ваҳдат садамаи […]

Ҳодиса қарибиҳои субҳи имрӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ рух дода, микроавтобус ба КАМАЗ бархӯрдааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, бар асари садамаи нақлиёт сокини 57-солаи ноҳияи Ёвон ба ҳалокат расида, 8 кас ҷароҳат бардоштаанд.

“Соати 03:29 дақиқа дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ, дар роҳи Душанбе – Ваҳдат садамаи нақлиёт рух дод, – хабар дод вай. – Ронандаи микроавтобуси “Старекс”, ки ба Душанбе равона буд, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи КАМАЗ бармехӯрад”.

Имдодгарони КҲФ дар ҳамдастӣ бо кормандони БДА 9 нафар мусофиронро аз дохили автомашинаи “Старекс” берун бароварда, ба бемористони “Истиқлол”-и пойтахт интиқол доданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.